ДАСТРАСӢ БА АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ ВА БАДЕӢ

Тибқи дастуру супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ҳафта бо ибтикори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илм бо китобдорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон семинари машваратӣ баргузор гардид.
Дар ин семинар-машваратҳо аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои тарзи дуруст пешниҳод намудани дархост ба китобҳои дарсӣ, тағйироти ба ҳуҷҷати меъёрии «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ» воридшаванда, тартиби пешниҳод намудани ҳисобот дар анҷоми соли таҳсил, аз ҷумла, ҳисобот оид ба китобҳои дарсии аз соли 2001 то 2022 мавҷудбуда, ташкили феҳристи ягонаи китобҳои дарсии китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, пешниҳодҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ оварда мерасонад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр карда шуд, ки бо дарназардошти сол ба сол афзудани шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки теъдоди нашри китобҳои дарсиро зиёдтар ба нақша гирад. Масалан, агар дар соли 2022 мувофиқи «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эҳтиёҷоти шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба 30 номгӯйи китоби дарсӣ ба теъдоди 2 млн 330 ҳазор нусхаро ташкил дода бошад, ин рақам дар солҳои минбаъда бештар гардидааст. Танҳо дар соли 2023 тибқи дархости раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дар асоси «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» нашри 82 номгӯйи китоби дарсӣ ба теъдоди 4 млн 167 ҳазор нусха ба дар назар дошта шудааст.
Дар ин семинар-машваратҳо вобаста ба масъалаҳои баррасишуда миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷиҳати ба танзим овардани фаъолияти таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, инчунин, то 30-юми июни соли ҷорӣ пешниҳод намудани ҳисобот оид ба китобҳои дарсии аз соли 2001 то 2022 дар китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавҷудбуда, зери назорати ҷиддӣ қарор додани раванди ба дарс бо китоб ҳозир шудани хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ, пешниҳод намудани омори дақиқ ҳангоми таҳия намудани маълумотнома оид ба эҳтиёҷоти китобҳои дарсӣ ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар самти ҷамъоварии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, пешгирӣ ва манъи истифодаи адабиёти таълимиву бадеие, ки бе иҷозати расмии Вазорати маориф ва илм ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод мешаванд, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар давоми ҳафтаи оянда баргузории чунин семинар-машваратҳо дар вилояти Суғд низ дар назар дошта шудааст.

Маркази таҳия, нашр ва
муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон