ФАРМОИШИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 28. 04 СОЛИ 2023 №521, ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар бораи мониторинги ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» дар фаъолияти субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар давраи солҳои 2021-2022 ва таҳлили вазъи содиркунии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби таълимгирандагон, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда
Бо мақсади иҷрои банди 10-и Нақшаи кори Комисияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2023 мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии хуқуқвайронкунии ноболиғон» ва банди 11 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдиқ шудааст, ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Саволномаи мониторин-ги ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии хуқуқвайронкунии ноболиғон» дар фаъолияти субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар давраи солҳои 2021-2022 ва таҳлили вазъи содиркунии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби таълимгирандагон, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои мақоми ҷумҳуриявидошта, роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ уҳдадор карда шаванд, ки тибқи саволномаи мазкур мониторинги ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон»-ро то 27 майи соли 2023 дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор намуда, аз натиҷааш ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак (Ҷ.Бобоҷон) уҳдадор карда шавад, ки рафти иҷрои фармоиши мазкурро назорат ва таъмин намуда, аз ҳисоби кормандони дастгоҳи марказии вазорат гурӯҳи корӣ таъсис дода, рӯзҳои аз 12 то 22 июни соли 2023 дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ санҷиш гузаронида, аз натиҷиааш ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
4. Сармуҳаррири нашрияи рӯзномаи “Омӯзгор” (Д.Қурбонзода) уҳдадор карда шавад, ки фармоиши мазкурро дар рӯзномаи “Омӯзгор” ба табъ расонад.
5. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода гузошта шавад.
Асос: Банди 10-и Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак аз 27 январи соли 2023, №4/32-1 ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2023, №159.

Вазир Раҳим САИДЗОДА