ҚАДАМҲОИ УСТУВОРИ ДОНИШГОҲ ДАР РОҲИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

Яке аз мушкилоти асосие, ки то имрӯз ҳалли худро тақозо дорад, баланд бардоштани сатҳу сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ ва тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои иқтисодиёт ва саноати кишвар мебошад.
Дар нақша – чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нақша-чорабиниҳои татбиқи оид ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020 – 2025 қабул гардидааст, ки аз 59 банд иборат мебошад. Тавре ки муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим Айниддин Холиқзода иброз дошт: — Бо мақсади беҳтар гардидани вазъи пойгоҳи моддию техникии донишгоҳ, давра ба давра таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардида, марказҳои нави компютерӣ ташкил карда мешаванд. Масъалаҳои компютеркунонӣ, дастрасӣ бо шабакаи интернет, муҷаҳҳаз гардондани озмоишгоҳҳои физика, химия, биология ва беҳтар сохтани фаъолияти Парки технологӣ, Маркази рушди касбият ва инноватсия дар донишгоҳ дар мавриди таваҷҷуҳи раҳбарияти донишгоҳ қарор дорад.
Дар ин замина, муассиса барои ташаккули донишҳои таҷрибавии донишҷӯён, омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ пойгоҳи моддию — техникӣ (озмоишгоҳҳо)-и худро азнавсозӣ менамояд. Дар донишгоҳ 20 озмоишгоҳи таълимӣ, аз ҷумла, 9 озмоишгоҳи таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ дар заминаи кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ, 5 озмоишгоҳ дар назди кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо, 3 озмоишгоҳи илмӣ дар заминаи кафедраи химия ва методикаи таълими он ва 3 озмоишгоҳи илмӣ — таълимӣ дар заминаи кафедраи биология ва методикаи таълими фаъолият мекунанд.
Дар ин замина, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори кор, маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунии “Такмили барномаҳои таълимии ихтисоси биология (биотехнология) вобаста ба талаботи бозори меҳнат” тайи ду сол амалӣ гардид.
Дар доираи лоиҳаи мазкур таҷҳизоти лабораторӣ, таҷҳизоти компютерӣ ва мебел барои факултети химия ва биология бо маблағи 1 447 800 сомонӣ ва барои озмоишгоҳҳои физика ба маблағи 150 000 доллар лавозимоти таълимию техникӣ барои анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқӣ харидорӣ шудааст.
Ҳамзамон, мавсуф афзуд, ки бо мақсади иҷрои бандҳои нақша-чорабиниҳо оид ба иҷрои барнома ривоҷ бахшидани таҳқиқоти саҳроӣ ва экспедитсияҳои донишҷӯёни ихтисосҳои табиатшиносӣ, риёзиву техникӣ дар донишгоҳ тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла, барои ихтисосҳои биология, экология, технологияи коркарди маҳсулот, химия, информатика, физика ва монанди инҳо тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Донишҷӯёни курсҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юми ихтисосҳои география ва сайёҳӣ соле як маротиба ба муҳлати 2 ҳафта ба таҷрибаомӯзии саҳроӣ баромада, маҳорату малакаи тадқиқотии худро ҳамаҷониба сайқал дода, намунаи гиёҳҳои шифобахши саҳроиро ҷамъоварӣ намуда, дар озмоишгоҳҳои донишгоҳ меомӯзанд. Соли гузашта бо ташаббуси раёсати донишгоҳ як синфхонаи компютерии замонавии муҷаҳҳаз бо 27 адад компютер дар бинои факултети физика ва математика ва дар маркази имтиҳонии фосилавӣ 1 марказ бо теъдоди 60 адад моноблоки нави ба шабакаи интернет пайваст ва ба истифода дода шуд, ки ин барои гузаронидани машғулиятҳо ва супоридани имтиҳонҳои ҷории донишҷӯён мусоидат менамояд.
Айни ҳол дар донишгоҳ 651 компютер, 78 ноутбук, 157 принтер, 4 сканер, 52 тахтаи электронӣ, 67 видеопроектор мавриди истифода қарор дорад.
Дар донишгоҳ айни ҳол лоиҳаи Фонди Аврупо Эрасмус+ EXTEND амалӣ гардида истодааст, ки ба баланд бардоштани рушди потенсиали кадрии донишгоҳ нигаронида шудааст.
Ба ин мақсад, бо маблағи 238 883,9 сомонӣ таҷҳизоти муосир харидорӣ шудааст.
Ҳадафи марказ ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони ҷавон, докторантони PhD ва магистрантон иборат мебошад.
Соли 2020 муаллими калони кафедраи химия ва методикаи таълими он Тешахон Ҳусайнов дар мавзуи “Истеҳсоли нуриҳои фосфорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо технологияи навин” соҳиби “Нахустпатент ба ихтироъ” гардид.
Дар робита ба ин, устодону донишҷӯёни донишгоҳ С.Холиқов, номзади илмҳои кимиё, дотсент якҷо бо шогирдаш Ш.Сайфуддинов ба истеҳсоли маводи дору бо номи “Фикардио” барои бартараф намудани бемориҳои дилу рагҳои хунгард, машғул шуданд ва ба гирифтани «Нахустпатент ба ихтироъ» мушарраф гардиданд.
Вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълими донишҷӯёни аз рӯйи ихтисосҳои ҷорӣ дар донишгоҳ озмоишгоҳҳои факултетҳои химия ва биология, физика ва математика бо асбобҳои нав ва реактивҳо таъмин шудаанд. Ҷиҳати анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотии докторантон ва аспирантон барои омӯхтани таркиби химиявии об ба маблағи умумии 40 000 сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харидорӣ шудааст.
Дар кафедраи биология озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии “Биотехнология” кушода шуд, ки барои муҷаҳҳаз гардонидани он зиёда аз 2 млн сомонӣ таҷҳизот аз ҳисоби лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” харидорӣ шудааст.
Дар ин давра устодони соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиии донишгоҳ 1 монография, 3 китоби дарсӣ, 17 дастури таълимӣ-методӣ, 36 мақола дар маҷаллаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, 14 маърӯза дар маводи конфронсҳои байналмилалӣ, зиёда аз 24 мақола дар маводи конфронсҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва 136 мақолаю гузориши илмӣ чоп намуданд.
Бояд қайд кард, ки дар соли таҳсили 2021-2022, 529 нафар донишҷӯ донишгоҳро аз рӯи ихтисосҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ бо таълими рӯзона ва ғоибона хатм намуданд, ки аз ин шумора 152 нафарашон таҳсилро тариқи буҷавӣ анҷом додаанд. Аз ихтисосҳои равияи табиатшиносӣ ва риёзӣ аз 152 нафар 94 нафарашон ба ҷойи кор (яъне, таълимгоҳҳо) ҳозир нашудаанд.
Иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ қаноатбахш буда, соли гузашта ба озмуни илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ -«Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2022» 10 лоиҳаи беҳтарини донишҷӯён пешниҳод карда шуд, ки 7 нафар донишҷӯ сазовори ҷойҳои 1,2,3 ва 1 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд, ки 5 нафарашон аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ маҳорату малака ва дониши худро нишон додаанд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,
“Омӯзгор”,
вилояти Хатлон