Бо шунидани калимаи «донишҷӯ» пеши назарамон, қабл аз ҳама, ҷавонписар ва ё ҷавондухтаре бо либоси тозаю зебо, мӯйи ороиш-ёфтаю ҳусни дилкаш ва ҳатман бо ҷузвдону китобу қалам ва одобу интизоми намунавӣ ва ахлоқи волои инсонӣ падидор мегардад. Ҳамзамон, соҳиби ин ном ба чашм чун як шахси пур аз ташвиш ва пойбанди маълумоту иттилоот ва зери бори гарони назарияи илмҳои гуногун метобад.
Донишҷӯ — шахсе, ки тибқи тартиби муқарраршуда ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидааст ва дар шуъбаҳои рӯзона, шабона, ғоибона ё бо мақсади дарёфти дараҷаи муайяни таҳсилот ва ихтисос ба тариқи экстернат таҳсил мекунад.
Аз ҷиҳати иҷтимоӣ донишҷӯ шахсест, ки дар меҳвари ҳадафҳои иҷтимоии давлат, ҷомеа ва оила меистад ва ба он аҳамияти сирф стратегӣ дода мешавад.
Донишҷӯён бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки онҳо танҳо ба хотири қонеъ гардонидани ниёзҳо ва талаботу манфиати шахсии хеш ва дарёфти ҷойгоҳ дар ҷомеа таҳсил намекунанд, балки бар дӯши онҳо масъулияти азими идомаи ташаббуси ватандорӣ меистад, ки аз онҳо маҳорати баланди касбӣ, зиракии сиёсӣ, худшиносии миллӣ ва ҳувияти миллиро талаб менамояд. Яъне, талаби замона ин аст, ки донишҷӯён дар баробари аз худ кардани касбу ҳунари интихобкардаашон, аз ҷиҳати сиёсӣ зирак бошанд, Ватани худро дӯст доранд, таъриху фарҳанг, забон, адабиёт, расму оин, анъанаҳои неки миллӣ, санъат ва хислатҳои ҳамидаи миллати худро амиқу ҳаматарафа донанд ва арҷгузорӣ намоянд. Ин корест басо мушкил, вале пуршараф. Ин аст рисолати асосии донишҷӯ пеши миллату давлати худ.
Барои оила донишҷӯ касе мебошад, ки волидайн ва кулли узви оила ба хотири заминаи мусоид гузоштан баҳри фардои зиндагии осудаҳолона ва бо умеду ормонҳо барояшон тамоми шароити заруриро фароҳам оварда, онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ менамоянд ва ҳатто омодаанд, охирин дороии худро ба ин фарзандонашон бахшанд.
Махсусан, модарони азизи мо то рӯзи донишгоҳро хатм намудани фарзандонашон азоби руҳӣ мекашанд ва ҳамеша аз ҳоли фарзандони донишҷӯяшон дар ташвишанд. Рӯзи донишгоҳро бо сари баланд хатм намудани фарзандон ва соҳиби касбу ҳунари замонавӣ шудан, барои модарон хушбахттарин рӯз аст ва қарзи виҷдонии ҳар як донишҷӯ аст, ки ин корро дар сатҳи баланд анҷом диҳад, чунки дар паси ин кор хурсандию шодии модари азизу меҳрубони ӯ меистад. Дар замоне, ки бархе аз волидайн фарзандони худ ва бахусус, духтаронро, ҳатто, барои таҳсил дар синфҳои 10-11-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иҷозат намедиҳанд, донишҷӯён бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки волидайни онҳо беҳтарин волидайнанд, ки барои сазовори номи донишҷӯ шудан ба онҳо шароити мусоид фароҳам овардаанд ва инро бояд қадр намоянд. Дар баробар ин, волидайнро зарур аст, ки ҳамарӯза аз сатҳи донишандӯзии фарзандони худ хабардор бошанд ва бо устодон робитаи мунтазам ба роҳ монанд ва ҳар мушкили пайдошударо сари вақт бартараф намоянд.
Имрӯз бисёр мушоҳида мешавад, ки ҷавонони мо мехоҳанд, зуд соҳиби молу сарвати зиёд гарданд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ камбуд надошта бошанд, аммо тавре ки медонем, ҳама чиз якбора ба даст намеояд. Ҳамзамон, миёни волидайн низ мушоҳида мегардад, ки баъди донишгоҳро хатм намудани фарзанд онҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон зуд маблағи сарфкардаи онҳоро аз ҳисоби ихтисоси аз бар кардаашон барқарор сохта, тамоми камбудҳоро бартараф созанд ва шароити хуби зиндагиро барои онҳо муҳайё созанд. Сабаби аз «маълумоти олӣ норозӣ» будани бархе аз волидайн маҳз дар ҳамин аст, ки комилан ғалат аст.
Хушбахтона, бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъсис додани квотаи Президентӣ барои ҷавонписарону ҷавондухтарони ноҳияҳои дурдаст шароит фароҳам оварда шуд, ки сазовори номи пуршарафи донишҷӯ гарданд.
Абдулвоҳид АБДУЛҲАЕВ,
корманди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон