Чанде қабл дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назарӣ дар мавзуи «Талаботи замони муосир ба қобилиятҳои педагогӣ- психологии омӯзгор» баргузор гардид. Ректори донишгоҳ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни суханронии худ, аз ҷумла, иброз дошт, ки маъмурияти донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омода намудани мутахассисони соҳаи гуногун тадбирҳои судмандро амалӣ месозад.
Сипас, маърузаи Ш.Носиров, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзуи «Қобилиятҳои педагогии омӯзгор-муайянкунандаи муваффақияти азхудкунии донишу маҳорат ва малакаҳои хонандагон», дотсент С.Исоева, мудири кафедраи психологияи ДДК ба номи А.Рӯдакӣ дар мавзуи «Нақши фаъолияти таълимӣ дар рушду нумуи сифатҳои касбии муаллим» ва муаллими калони кафедраи психологияи ДДК С.Қурбонов дар мавзуи «Тарбия ва ташаккули сифатҳои психологии муаллим» шунида шуд. Баъди шунидани маърузаҳои илмӣ конференсия кори худро дар бахшҳо идома дод. Дар кори конференсия 68 маъруза шунида шуданд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»,
вилояти Хатлон
