Саидмурод зиёда аз 38 сол мешавад, ки ба шогирдон аз фанни технологияи иттилоотӣ ва математика дарс мегӯяд.
Саидмурод табиатан омӯзгор аст, бо нони муаллимӣ тарбия ёфтаву ба камол расидааст. Марди навовару навҷӯест. Зиёд меомӯзад. Ҳамқадами замон асту аз пешрафту навиҳои ҷодаи илм бохабар. Пайваста донишу таҷрибаашро такмил медиҳад. Дар машғулиятҳо аз асбобҳои техникӣ ва аёнии худсоз бо камоли кордонӣ истифода мекунад.
Дилдодаи пешаи худ аст. Мудом саъю талош меварзад, ки шогирдон вақти қимати хешро зоеъ нагузаронанд. Охир, рисолати устоду омӯзгор ҳам ба камол расонидани шогирдони босаводу бофарҳанг, боодобу тарбиятёфта буду ҳаст.
Саидмурод Давлатов соли 1963 дар деҳаи Хордараи болои шаҳри Ваҳдат, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Падараш Муҳаммадӣ Давлатов муаллими забон ва адабиёти тоҷик буд. Чакидаҳои хомааш дар нашрияҳои даврӣ ба табъ мерасиданд. Маҳсули эҷодаш дар китобҳои “Ёдгори умр” ва “Меҳрнома” ба ҳаводорони каломи бадеъ пешкаш гардиду чун нишони ҷовидона аз ин марди бофарҳанг ба ёдгор монд.
Аз соли 1985 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4, №20 ва №35 — и шаҳри Ваҳдат ба ҳайси муаллими физика, математика ва ҷонишини директор оид ба таълим кор кард. Инчунин, дар солҳои гуногун дар коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, литсеи Темур Собири шаҳри Ваҳдат ва Маркази рушди раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат ифои вазифа намуд.
Ҳосили заҳмати бисёрсолаи ӯ тарбияи толибилмони хушзавқу хушзеҳн мебошад, ки алҳол дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Ватани маҳбубамон бо сарбаландӣ фаъолият доранд. Бисёр дастпарварони устод баъди соҳиби номаи камол шудан рӯ ба илмҳои дақиқ овардаанд, чунки таҳкурсии дониши ин гурӯҳи хонандагон тавассути заҳмат ва таҷрибаю малакаи ғании муаллим Саидмурод Давлатов гузошта шудааст. Саидмурод омӯзгори сахтгир аст. Мехоҳад, ки хонанда дониши пухта дошта бошаду фардо дар ҷодаҳои душвори зиндагӣ роҳгум назанад. Ӯ гаштаю баргашта таъкид мекунад, ки дар замони муосир бе омӯзиши техникаи навтарини компютерӣ қадаме ба пеш ниҳодан душвор аст.
Соли 2023 барои Саидмурод бобарор омад. Якбора се нафар шогирдаш дар олимпиадаи мактаббачагон аз фанни технологияи иттилоотӣ дар минтақа соҳиби медал гаштанду алҳол ба даври ҷумҳуриявӣ омодагӣ мегиранд.
Донишу таҷрибаи ғанӣ ба Саидмурод имкони ба эҷод машғул шуданро муҳайё намудааст. Ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ бо маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» ҳамкорӣ мекард. Зуд-зуд вориди ин даргоҳ мешуд. Навиштаҳояшро пешниҳод мекард. Дар ҳамин даргоҳи маърифат бо устодони ҳаҷви тоҷик Басир Расо, Бурҳон Ғанӣ ва Мирзо Файзалӣ шинос шуд. Хотироти рангине дорад аз ин суҳбатҳо.
— Чанде аз чакидаҳои хомаам бо таҳрири устодони бузург дар маҷалла чоп шуданд. Бо тавсияи устодон доираи омӯзишамро фарохтар мекардам. Дар озмунҳои гуногунмавзуи маҷалла борҳо ширкат варзида, ҳатто боре ғолиб ҳам омадам. Шарти озмун ёфтани матни беҳтарин ба расми пешниҳодшуда буд. Рӯзе хаткашони деҳа лифофаеро ба дастам дод. Дарҳол боз намудам. Навиштаҷотро хондам: «Ғолибият муборак бошад! Зуд омада маблағатонро гиред! Басир Расо». Ростӣ, аз ғояти хушҳолию хушнудӣ ба чашмонам бовар намекардам. Хурсандиамро пинҳон дошта натавониста, ба ҳар нафари вохӯрда мактубро нишон медодам. Бештар ҳамкасбон шодбош мегуфтанд, — ба ёд меоварад давраҳои аввали эҷодкории хешро Саидмурод.
Нигоштаҳои дар мавзуоти гуногун эҷодшудааш дар нашрияҳои «Омӯзгор», «Адабиёт ва санъат», «Шаҳриёр», «Шамъи ирфон» ва маҷаллаи «Хорпуштак» нашр шудаанд.
Соли 2020 намунаҳо аз нигоштаҳояш дар китоби “Суханварони водии Ҳисор” ба табъ расид.
Саидмурод хатмкардаи факултаи математикаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ мебошад.
Моҳи декабри соли 2018 дар шаҳри Ҳисор семинари ҷумҳуриявии “Барномасоз “ баргузор гашт. Дар ин семинар Саидмурод Давлатов иштирок карда, дар мавзуи “Ҳалли муодилаҳо бо ёрии забони барномасозӣ” сухандонӣ намуд.
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Давлатов муаллифи 15 мақолаи методӣ мебошад, ки аксари онҳо (“Аз таърихи ченакҳо” ва “Кашшофи асрори кайҳон”) дар матбуот ба чоп расидаанд. Чанде пештар китоби методиаш бо номи «Тестҳо аз технологияи иттилоотӣ барои синфҳои 7-11» чоп шуд, ки аз он омӯзгорони ҷумҳурӣ дар корҳои санҷишӣ истифода мебаранд.
Ҳамсари азизи Саидмурод Муҳаббат Давлатова ҳам омӯзгор аст. Ин оилаи намунавӣ бо ҳисси масъулиятшиносӣ 5 фарзанди худро ба камол расонида, соҳиб касб гардонидаанд.
Яке аз фарзандонашон Толибҷон касби бобою падар — омӯзгориро интихоб кардааст. Ӯ, бо вуҷуди ҷавонияш, чун омӯзгори ташаббускор, ва навовар шинохта шудааст.
Қобилияти баланд ва таҷрибаи судманди Саидмурод Давлатовро ба назар гирифта, ӯро мудири шуъбаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карданд. Ба ин устоди варзида ва инсони наҷиб дар идомаи фаъолияташ муваффақиятҳо таманно мекунем!
Музаффари ИМОМ,
рӯзноманигор,
шаҳри Ваҳдат
