СУҲБАТИ ОЗОДУ САМИМӢ

Мақому мартабаи омӯзгор ва мактаб бо дастгирию иқдомҳои созандаи Пешвои миллат дар ҷомеа мунтазам баланд мегардад. Аз ин ҷост, ки Вазорати маориф ва илми кишвар ба мактабу омӯзгор арҷ гузошта, заҳмати шабонарӯзии омӯзгорон, хусусан, омӯзгорони манотиқи дурдастро пайваста қадрдонӣ менамояд.
25-уми апрели соли равон барои мо, омӯзгорони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №43-и шаҳри Ваҳдат, санаи хотирмонест, зеро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бидуни огоҳии қаблӣ ба муассисаи мо ташриф овард.
Вазири маориф ва илм бо вазъи мактаб ва давомоти хонандагон шинос гардида, бо хатмкунандагони муассисаи мазкур суҳбат оростанд. Суҳбат дар фазои озоду самимӣ ҷараён гирифт.
Раҳим Саидзода ба масъулини муассиса ва раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, дастгирии омӯзгорони варзида, ҷалби шарикони рушд ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ, вазъи омодагии хатмкунандагони муассисаи таълимӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби касб, иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ, азбар намудани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ, риояи интизоми меҳнат аз ҷониби омӯзгорон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Вазири муҳтарам дар бораи ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, ҳурмати волидайн ва устодону олимон, сидқан машғул шудан ба донишомӯзӣ, интихоби касбу пешаи дилхоҳ бо шогирдон гуфтугӯ карда, ба онҳо маслиҳатҳои муфид дод.
Барои мо, омӯзгорони муассиса, ин нукта бори дигар возеҳ гардид: ҳар касе, ки бо кори ҳалолу бо номи нек ба мартабаи баланд мерасад, хидмати содиқонаю фидокоронаи дигаронро қадр карда метавонад.
Боиси зикр аст, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти хеш Раҳим Саидзода ба масоили соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода, кори худро аз шинос шудан аз ҳолати мактабҳои дурдасти манотиқи ҷумҳурӣ оғоз намуда, баҳри беҳтар намудани вазъи таҳсил, дарёфту рушди истеъдодҳо тадбирҳои амалӣ меандешад. Аз ин ҷост, ки омӯзгорон кӯшиш мекунанд, ки шогирдонашон дар озмунҳо фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гарданд. Воқеан, бо таъйин гардидан ба вазифаи вазирӣ маориф ва илм Раҳим Саидзода аз пайи иқдомҳои созанда гардида, иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маорифро аз рисолати муқаддаму муҳими ниҳоду зерсохторҳои вазорат, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, литсейю гимназия ва коллеҷҳо дониста, дар ин самт саъю талоши зиёде ба харҷ дода истодааст. Яке аз масоили зарурии соҳаи маориф, бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба шумор меравад, ки сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии хонандагон аз он вобастагии зич дорад. Бо истифода аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ, таҳти роҳбарию дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому талошҳои Вазорати маориф ва илм сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо вусъат ёфта, корҳои созандагӣ дар самти бунёди иншооти соҳа ҳамчунон идома дорад. Яке аз вазифаҳои калидии дигаре, ки иҷрои он ба пешрафти соҳа мусоидат хоҳад кард, таъмини таълимгоҳҳо бо компютеру видеопроектор ва тахтаҳои электронӣ маҳсуб меёбад, ки тайи чанд соли охир ин масъала дар сатҳи баланд ҳалли худро ёфта, муассисаҳои таълимӣ марҳала ба марҳала бо компютеру дигар таҷҳизоти нави замонавӣ таъмин гардида истодаанд. Татбиқи барномаҳои хариди озмоишгоҳу кабинетҳои фаннӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ (англисӣ, русӣ…) татбиқи “Барномаи бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ” ва амсоли инҳо бо суръат идома ёфта, дар ин ҷода корҳои зиёде ба анҷом расонда мешавад.
Новобаста аз ин амалҳои созандагӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҳамчун инсони соҳибдил, фурӯтану хоксор ва дилсӯзу ғамхор дар байни кормандони соҳаи маориф, устодону омӯзгорон ва сокинони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ соҳиби нуфузу обрӯи шоиста мебошанд.
Беҳуда шоир нафармудааст:
Касе к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.
Вохӯрию суҳбатҳои озоду самимии вазири маориф ва илм ба мо, илҳом ва неруи тоза бахшид. Мо, омӯзгорон кӯшиш менамоем, ки дар баланд бардоштани савияи дониши хонандагон саҳми худро гузорем, то ки дар оянда шогирдонамон ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибхираду накукор бошанд. Вохӯрӣ бо хатмкунандагони муассиса бо гирифтани акси хотиравӣ ба фарҷом расид.
Абдулазим ИСМОИЛОВ,
омӯзгори собиқадори МТМУ №43,
шаҳри Ваҳдат