26-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти умҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Мактаби замонавии бошукӯҳ сеошёна буда, он дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқии Чин бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия бунёд шудааст.
Муассисаи таълимӣ барои 1 ҳазору 280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Корҳои сохтмонии муасси саи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 дар деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 оғоз гардида, аз ҷониби ширкати чинии Повер Чайна (“POVER – CHINA”) дар муҳлати муқарраршуда бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Муассисаи замонавии таълимӣ аз 27 синфхона, аз ҷумла, кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори хониш бо 24 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар ҳуҷраҳои озмоишгоҳии мактаб асбобу аёниятҳои дарсӣ мавҷуданд, ки барои таҷрибаҳои гуногун хонандагон аз онҳо босамар истифода мебаранд.
Дар синфхонаи компютерӣ, ки бо муосиртарин дастгоҳҳо муҷаҳҳаз аст, хонандагон имкон доранд, аз нозукиҳои кор бо технологияи иттилоотӣ бохабар бошанд.
Акнун бо истифода додани ин муассисаи зебову замонавӣ мушкили норасоии ҷойҳои нишаст аз байн рафт.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри соҳибкасб гардонидани хонандагон асбобҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, мошинаҳои дарздӯзӣ ва дигар шароити муосир фароҳам буда, духтарон баробари омӯхтани либосдӯзии миллӣ, ҳамзамон, бо роҳнамоии омӯзгорон таомҳои гуногун омода мекунанд.
Ҳамчунин, дар синфхонаҳои фаннии физика, химия ва математика муосиртарин шароит барои илмомӯзӣ, аз ҷумла, видеопроектор бо тахтаҳои электронӣ мавҷуд аст.
Ёдовар мешавем, ки бинои собиқи ин муассиса соли 1937 сохта шуда, ба талаботи замони имрӯза ҷавобгӯ набуд.
Акнун хонандагон бо истифода аз муосиртарин шароити илму ҳунаромӯзӣ дар ин таълимгоҳи бошукӯҳи замонавӣ таҳсил мекунанд.
Барои тарғибу ташвиқи бештари варзиш ва ба ин восита ташаккул додани тарзи ҳаёти солим дар муассисаи таълимӣ 2 майдончаи варзишӣ сохта шудааст, ки дар онҳо имконияти бозии футбол, баскетбол ва волейбол мавҷуд аст.
Бо мақсади ташкил ва баргузор кардани ҷамъомаду тадбирҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар таълимгоҳ маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст сохта шудааст.
Маҷлисгоҳ бо мизу курсии босифат ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, бо ҳунари миллии меъморӣ оро ёфтааст.
Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки барои 160 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст ва дар он ба таълимгирандагон хӯрокҳои болаззат дода мешавад.
Дар мактаб барои таълиму тарбияи хонандагон 50 нафар омӯзгори соҳибтахассус фаъолият менамоянд.
Мактаб дорои шабакаи мустақили гармидиҳӣ мебошад, ки тариқи он синфхонаҳо дар фасли сармо гарм нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳадаф аз бунёд ва ба истифода додани муассисаи нави таълимӣ дар ноҳияи Данғара идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсил, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи илмомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Саҳн ва атрофи бинои нави муассисаи таълимӣ сабзу хуррам буда, дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда дар иншооти таълимии навбунёд ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон ҷиҳати истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда ва тарбия намудани ҷавонони босаводу лаёқатманд дастуру ҳидоятҳо доданд.
President.tj
