САБҚАТ РАНГИНУ ХОТИРМОН БУД

27-30 апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар литсей — интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ — гуманитарӣ миёни хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар баргузор гардид.
Нахуст Зиёдулло Абдулзода иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳоро аз номи вазири маориф ва илм ва ҳайати мушовараи вазорат табрик гуфта, зикр намуд, ки дар олимпиадаҳои мазкур хонандагоне роҳхат гирифтаанд, ки миёни ҳамсолони худ дар фанҳои алоҳида беҳтаринҳо ба шумор мераванд.
Ҳамчунин, мавсуф иброз дошт, ки соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятнок пазируфта шуда, ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва илм дар ин замина пеш гирифтааст, баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди ҳаракати олимпӣ ва омода намудани кадрҳои боистеъдод дар бозори меҳнати дохилӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода изҳор дошт, ки ба ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ 100 хол барои ҷойи аввал, 75 хол барои ҷойи дуюм ва 50 хол барои ҷойи сеюм зам карда мешавад.
Директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён иштирокчиёнро бо низомнома ва тартиби баргузории олимпиадаҳо шинос намуд. Баъдан хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, донишу маҳорати худро нишон доданд.
Дар олимпиадаҳои мазкур 1004 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои ҷамъиятӣгуманитарӣ (аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз фанни забони русӣ ба номи Александр Пушкин, аз фанни забони англисӣ ба номи Вилям Шекспир, аз фанни забон ва адабиёти рус, забони давлатӣ, аз фанни таърих ба номи Бобоҷон Ғафуров ва аз фанни ҳуқуқ ба номи Куруши Кабир) иштирок намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 284 нафар (28,3 фоиз) зиёд мебошад.
ЧОРАБИНИҲОИ ФАРҲАНГӢ ВА ВАРЗИШӢ
Барои довталабон дар баробари олимпиадаҳо аз ҷониби Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони мактабҳои олӣ ва директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва экскурсияҳо ташкил карда шуд. Аз ҷумла, 28 апрел иштирокчиёни олимпиадаҳо аз Китобхонаи миллӣ, Майдони Истиқлол, Осорхонаи миллӣ ва дигар мавзеъҳои таърихию фарҳангии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дидан намуда, 29 апрел Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд.
Меҳрона Сулаймонова, хонандаи синфи 11 В-и мактаби 1-и ноҳияи Ҷайҳун, ки аз ин иқдом бениҳоят шод аст, чунин мегӯяд:
– Вақте Осорхонаи миллиро тамошо кардем, аз тамаддун ва фарҳанги ғании гузаштагонамон бештар огоҳ шудем. Ҳар як нигораву ҳайкал, ки бо санъати воло сохта шудааст, моро бештар ба худ ҷалб мекунанд.
Судоба Саидова, хонандаи синфи 11 Б-и мактаби 16-и ноҳияи Восеъ низ аз сайру саёҳат дар маконҳои таърихӣ хушҳол аст ва ба ӯ бештар Китобхонаи миллӣ писанд омадааст. Худи ӯ дар ин бора чунин мегӯяд.
— Китобу дастхатҳои нодирро дидем ва ба худ таассуроти амиқ гирифтем. Вақте дар шаҳри Душанбе донишҷӯ шудам, ҳар рӯз ба Китобхонаи миллӣ барои китобхонӣ меоям.
29 апрел вохӯрӣ бо намояндагони донишгоҳҳои кишвар ва директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ низ ба анҷом расид, ки хонандагон тавонистанд вобаста ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас пайдо кунанд. Дар ин нишаст нуктаи муҳиме, ки аз ҷониби директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Рамазон Одиназода таъкид карда шуд, ин буд, ки ғолибони олимпиадаҳои даври ҷумҳуриявӣ имкон доранд, барои дохил шудан ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ имтиҳон супоранд ва дар сурати баҳои баланд гирифтан метавонанд, дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ таҳсили худро идома диҳанд.
Ҳамзамон, 28-29 апрел мусобиқаҳои футбол байни писарон ва волейбол байни духтарон низ дар вақти муайяншуда ташкил ва баргузор гардид, ки дастаи футболи Бадахшон ҷойи аввал, Хатлон ҷойи дуюм ва Суғд ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Пас аз чорабиниҳои варзишӣ барои иштирокчиёни олимпиадаҳо намоиши фарҳангӣ низ баргузор гардид.
НАТИҶАГИРӢ
Ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ нишон дод, ки хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 70 ҷойи ифтихорӣ (медали тилло 6, медали нуқра 28 ва медали биринҷӣ 36), вилояти Суғд 46 ҷойи ифтихорӣ (медали нуқра 11 ва медали биринҷӣ 35), вилояти Хатлон 40 ҷойи ифтихорӣ (медали нуқра 8 ва медали биринҷӣ 32), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадах- шон 10 ҷойи ифтихорӣ (медали нуқра 5 ва медали биринҷӣ 5) ва шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ 7 ҷойи ифтихорӣ (медали нуқра 2 ва медали биринҷӣ 5) гардиданд.
Ҳамзамон, муайян карда шуд, ки хонандагони ноҳияи Сино бо гирифтани 2 меда- ли тилло, 13 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ (31 ҷойи ифтихорӣ) ҷойи аввал, ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо гирифта- ни 1 медали тилло, 6 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ (17 ҷойи ифтихорӣ) ҷойи дуюм, ноҳияи Данғара бо гирифтани 4 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ (14 ҷойи ифтихорӣ) ва ноҳияи Шоҳмансур бо гирифтани 3 медали тилло, 5 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ (14 ҷойи ифтихорӣ) ҷойи сеюмро касб намуданд.
Зарина Давлатова, хонандаи синфи 11-и литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, ки дар олимпиадаи фанни забони русӣ иштирок кардааст, мегӯяд:
— Дар аввал аз холи худ норозӣ будам. Вақте аризаи апеллятсионӣ навишта, дубора вориди синф шудам, доварон ҷавобҳои дурустро фаҳмонданд. Ҳоло аз холи ба дастовардаи худ ва баҳои доварон розӣ ҳастам.
Иштирокчии дигари олимпиада аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, ки сазовори ҷойи дуюм гаштааст, Муродова Сабрина, хонандаи синфи 11 «Б»-и гимназияи 1 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ бо хушнудӣ мегӯяд, ки аз синфи 7 инҷониб дар олимпиадаҳо иштирок мекунад ва мехоҳад дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсили худро идома диҳад.
Мавриди зикр аст, ки аз соли 2021 инҷониб дар ҷумҳурӣ 24 намуди олимпиадаҳо барои зинаҳои дуюм ва сеюми таҳсилот (11 намуд олимпиадаҳои фанҳои табиӣ — риёзӣ ва 13 намуд олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ — гуманитарӣ) амал мекунад, ки теъдоди иштирокчиёни он сол то сол меафзояд.
Агар солҳои қаблӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шумораи ками хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок мекарданд, дар олимпиадаи зикршудаи соли ҷорӣ аз ин вилоят 80 нафар иштирок намуданд. Тавре Аноятшо Некқадамов, муовини директор оид ба ҳаракати олимпӣ дар Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ, мегӯяд:
— Дар олимпиадаи фанҳои ҷамъиятӣ — гуманитарӣ дар соли ҷорӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 80 нафар иштирок намуданд, ки 17 нафарашон аз Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ мебошанд. Мо бовар дорем, ки хонандагони мо ҷойҳои ифтихориро бештар касб мекунанд.
Маросими ҷоизасупории ғолибони даври ниҳоии олимпиадаҳо пас аз ҷамъбасти олимпиадаҳои дигари дарпешистода дар назар аст.
Наврӯзи САЛОҲИДДИН,
«Пайрав»