Дар шароити рушди соҳаҳои мухталифи кишвар масъалаи забономӯзии шаҳрвандон, бахусус, ҷавонону наврасон афзалияти бештар пайдо кардааст. Забонҳои русӣ ва англисӣ, ки мақоми байналмилалӣ доранд, дар ин самт бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.
Пешвои миллат дар суханрониҳо ва Паёмҳои хеш пайваста ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ рӯ оварда, ба масъулин ва сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Дар даврони Истиқлол муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон рӯз ба рӯз густариш меёбад. Аз ин рӯ, зарурати тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ба миён омадааст, то ки ба хориҷиён таъриху фарҳанг ва расму оини миллии худро бо забонҳои гуногуни дунё муаррифӣ намоем. Ҳавасманд намудани донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз қадамҳои аввалини ҷараёни босамари таълим ва бозомӯзӣ ба шумор меравад. Донишҷӯён бояд дарк намоянд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ хеле муҳим ва зарур буда, идомаи таҳсил дар хориҷи мамлакат ва ё фаъолият дар ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятиву байналмилалӣ забондонии амиқро тақозо мекунад. Дар фаъолияти иқтисодию истеҳсолӣ, дар равобити саноативу бозаргонӣ донистани забони хориҷӣ шарти асосӣ ба шумор меравад. Донистани забонҳои хориҷӣ роҳи моро барои расидан ба комёбиву муваффақиятҳои наву тоза равшан месозад. Зарурати дигари омӯзиши забонҳои хориҷӣ муаррифӣ кардани кишвар дар арсаи байналмилалист. Дар ин роҳ шаҳрвандони мо танҳо дар сурате комёб мегарданд, ки донандаи хуби забонҳои хориҷӣ бошанд. Илова бар ин, донистани забонҳои хориҷӣ доираи кору фаъолияти ҷавононро тақвият бахшида, ба онҳо имкон медиҳад, ки дар тамоми давлатҳо ва созмону ташкилотҳои бонуфузи дунё сарбаландона фаъолият намоянд.
Муборак ДАВЛАТОВА,
омӯзгори забони англисӣ,
шаҳри Гулистон