Шумораи навбатии «Омӯзгор» нашр гардид

Шумораи навбатии «Омӯзгор», (№ 18, аз 4 майи соли 2023) бо инъикоси сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон шуруъ гардидааст. Роҳбари мамлакат зимни ин сафар дар маркази ноҳия бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шинос шуда, ба корҳои сохтмони иловагӣ дар ин муассисаи таълимӣ, ки марҳала ба марҳала идома меёбад, ба масъулин супоришҳои қатъӣ доданд.
Матолиби дигари шумора ба шиносоии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аз вазъи муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ҳамадонӣ иттилоъ додааст. 28 – уми апрели соли равон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи ВМИ ҶТ барпо шуда, дар он як қатор масъалаҳои ҳалталаби вобаста ба соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Доир ба ин мавзуъ нашрия матолиби муфассалеро пешниҳоди кормандон ва умуман хонандагони «Омӯзгор» намудааст. Матлаби «Мубориза бо амалҳои коррупсиониро тақвият бояд дод» аз вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зерсохторҳои ВМИ ҶТ иттилоъ додааст.
Мақолаи мудири кӯдакистони №128, ноҳияи Фирдавсӣ «Чӣ бояд кард, то кӯдак дурӯғ нагӯяд?» хонданбоб буда, доир ба илми равоншиносӣ ва истифодаи он дар тарбияи кӯдакон баҳс мекунад. Навиштаи мухбири ҳафтанома Шодӣ Раҷабзод «Истеъдодҳоро тарбият бояд кард» аз хусуси марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар назди раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ проблемавию баҳсбарангез аст. Маводи мазкур таҳти рубрикаи «Ба таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ» нашр гардидааст, ки масъулин тибқи қонунгузориҳои ҷорӣ муваззафанд, ки факту рақамҳо ва камбудию норасоиҳои дар мавод инъикосгардидаро омӯхта, аз ислоҳи онҳо ба идораи рӯзнома маълумот пешниҳод намоянд.
Мақолаи «Эҳёи феномени Ориёӣ наҷоти тоҷик аст!» ба қалами А.Зарифӣ, устоди коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод тааллуқ дошта, ҳамовозӣ ба мақолаи профессор С. Ятимов перомуни Паёми Пешвои миллат аст.
Охири моҳи апрел дар ДҶТИБКСМ озмуни даври минтақавии «Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2023» баргузор гардид. Аз ҷараён ва ҷамъбасти ин ҳамоиш навиштаи мухбири рӯзнома ба табъ расидааст. Бояд гуфт, дар ин озмун ёзаҳ нафар омӯзгорони фаъоли шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзида, ҷойи аввалро омӯзгори химияи гимназия — парваришгоҳи ба номи Б. Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ Санавбар Абдуллозода бо 193, 25 хол соҳиб гардид. Матлаби корманди нашрияи «Пайрав» -(замимаи «Омӯзгор») Наврӯзи Салоҳиддин бо номи «Сабқат рангину хотирмон буд» аз ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ миёни хонандагони синфи 11- и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар нақл мекунад.
Нашрия корнамоиву ҷонбозиҳои қаҳрамонони майдони ҷанг, тафсилоти муҳорибаҳои шадидро дар навиштаи корманди «Омӯзгор» Сайфиддин Муродов бо номи «Қаҳрамониҳои тоҷикони диловар» акс кунондааст. Таҳти рубрикаҳои ба озмунҳои «Тоҷикистон диданист», «Дарси муосир: маҳорат, малака ва таҷриба» ва «Тоҷикистон – сарзамини пиряхҳо» навиштаҳои рӯзноманигор Нурулло Ҳасанов – «Деҳе, ки Ховалингро машҳур карда», муовини аввали директори мактаби байналмилалии Президентии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Зоиршоҳ Назирзода – «Ман қобилият дорам» ва корманди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров – Ҷонибек Турсунов – «Пиряхҳо ва ҳифзи сарватҳои табиӣ» ба табъ расидааст.
Мухбири нашрияи «Омӯзгор» дар ВМКБ Ҷангибеки Улфатшоҳ бо сардори раёсати маорифи ВМКБ Аминҷон Мирзоқандов мусоҳибаеро анҷом додааст, ки муҳтавои он зери унвони «Кафолати рушди соҳа аз низоми кор вобаста аст» зеббахши саҳифаи 12 – и нашрия мебошад.
Як гурӯҳ олимони шинохтаи тоҷик – С. Шербоев, У. Юлдошев ва М. Юлдошева аз заҳматҳои чандинсолаи олимаи саршиноси тоҷик, доктори илми педагогика, профессор Бибиҳафиза Маҷидова бо меҳр ва ихлоси самимона зери унвони «Бонуи пажуҳишгар ва нексиришт» меҳрномаеро ба қалам додаанд.
Саҳифаи понздаҳуми нашрия зери рубрикаи умумии «Рангинкамон» чакидаҳои қалами як қатор омӯзгорони эҷодкорро акс кардааст. Дар ин саҳифа, ҳамчунин, хонандаи азиз метавонад аз аҷоиботи олам, навигариҳои илму техника огаҳӣ ёбад. Саҳифаи охири нашрия муаммои ҷашнии «Иди Зафар» ва навиштаи доктори илми таърих, профессор Зикриё Акрамиро зери унвони «Номи неку монда аз ӯ» (доир ба гиромидошти хотираи неки доктори илми таърих Файзӣ Зикриёев) дар бар гирифтааст.

Навбатдори шумора
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»