ТАҲКИМБАХШИ ТАФАККУРИ ИЛМӢ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Рушди ҳар як кишвар ба низоми илму маориф ва сатҳи саводи ҷомеаи он робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз сатҳи дониш ва саводи аҳли ҷомеа пояндагии ҳар як давлату миллатро таъмин менамояд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдории миллӣ дар баробари таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа ба рушди соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Пешвои миллат дар суханрониҳои худ борҳо зикр кардаанд: «Маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат аст».
Ин суханҳои хирадмандонаву ватандӯстона гувоҳи равшани эътибору аҳаммияти махсус зоҳир намудани Сарвари кишвар ҷиҳати тақвиятбахшии саводнокии ҷомеа, омода намудани мутахассисони ботаҷриба, аз худ намудани техникаву технологияи муосир, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва шинохти асолати милливу таърихи давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба ин, тӯли чанд соли ахир озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат»» бо ташаббуси бевосита ва сарпарастии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудаанд.
Иштироки тамоми қишрҳои ҷомеа, новобаста ба ихтисос ва фаъолияти корӣ, аз кӯдакон то пирон дар ин озмунҳо гувоҳи афзудани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба илму маърифат, навоварӣ, ихтирооту истеҳсолот ва мутолиаи китоб ба ҳисоб меравад.
Дар ҳақиқат, баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», ки мақсади он ба рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсиаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм ба истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ нигаронида шудааст, талаботи замон ва тадбири саривақтӣ мебошад. Зеро асри XXI давраи тараққии босуръати илму техника ва технология буда, марҳалаи ҷиддии таҳаввулоти илмиву техникӣ дониста мешавад. Рушди ҳар кишвар дар замони муосир ба воситаи мутахассисони ба талаботи бозори кор ҷавобгӯ, пешрафти илму техника ва ҷорӣ намудани ихтирооти нав таъмин карда мешавад.
Албатта, бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, бо ҳадафи омода намудани мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир чораҳои зиёд, ба монанди таъсиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо ихтисосҳои физикӣ, табиӣ, риёзӣ, таъсиси стипендияҳои махсус, фиристодани донишҷӯён ба хориҷи кишвар барои идомаи таҳсил, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо техникаву лавозимоти муосир ва монанди инҳо андешида шудаанд. Дар баробари ин, баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» имкон медиҳад, ки дар як низоми муайян ва бо роҳҳои ҳавасмандгардонӣ сокинони кишвар аз хурдӣ барои омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ ҷалб шуда, донишҳои аввалияи онҳо дар самти мазкур мустаҳкам ва дар оянда барои кашфиёту ихтироот ва татбиқи он дар истеҳсолоту хадамоти рақобатпазир ва ба ин васила таҳким бахшидан ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ имкони фароҳам орад.
Ҳамзамон, дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки вазифаи ҳар яки мо ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг ва арҷ гузоштан ба таърихи бисёрҳазорсолаи халқамон мебошад, баргузории озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо фарогирии намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа мувофиқи мақсад аст, зеро аз рӯи номинатсияҳои озмуни мазкур ошноӣ пайдо намудани аҳли ҷомеа бо осори мутафаккирони бузурги миллатамон, ҳамзамон, бо осори чеҳраҳои дурахшони адабиёти ҷаҳон имкон медиҳад, ки насли навраси мо дар руҳияи баланди худшиносии миллӣ ва гиромидошти расму оин ва фарҳанги миллӣ тарбия ёфта, дар таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саҳми муносиб гузорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд ва бо ҷалби доираи васеи аҳолӣ баргузор намудани озмунҳои мазкур пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Аз ҷумла, аз 2 феврали соли 2023 Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии мазкур бо мукаммал намудани механизми баргузории онҳо қабул гардида, аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 барои баргузории ин озмунҳо 11730000 сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 3800000 сомонӣ зиёд мебошад. Бо бовари комил метавон гуфт, ки маблағгузории озмунҳои мазкур дар ояндаи наздик натиҷаҳои мусбат дода, бо омода гардидани мутахассисони соҳибкасб ва ҷорӣ намудани ихтирооту навгониҳо дар самти илму истеҳсолот рушди ояндаи кишвар, ҳимоя ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ таъмин хоҳад шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ ҳамасола даври донишгоҳии озмунҳои мазкур дар сатҳи баланд ташкилу баргузор мегардад ва ба он доираи васеи устодону донишҷӯёни донишгоҳ фаро гирифта мешаванд. Ғолибон бо мукофотҳои пуливу молӣ сарфароз ва истеъдодҳои нав дарёфт мегарданд.
Ҷавобан ба ин ғамхориву дастгириҳои Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки моро мебояд, ки рисолати таърихии хешро дар назди ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми қувваи худро барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва рушду пешрафти кишвари азизамон равона намоем.
Умуман, иқдому ташаббусҳои Сарвари давлат дар самти ташкил ва сарпарастии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон» — Ватани азизи ман» ва «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат»» ба боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавияти сокинони кишвар мусоидат намуда, аз маърифатпарастию хирадсолорӣ ва дурандешии Пешвои муаззами миллат гувоҳӣ медиҳанд.

Муъминҷон ШАРИФЗОДА,
ректори Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор