Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат соҳаи илму маориф рушди рӯзафзун дорад. Роҳбари кишвар соҳаи маорифро чун омили такондиҳандаи пешрафти иҷтимоӣ тавсиф намуда, иброз доштанд: «…фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст». Сарвари давлат дар бораи вазифаҳо ва ҳадафҳои мактабу маориф сухан ронда, таъкид мекунанд, ки «…таълиму тарбия ва ба камол расонидани насли дилсӯзу ғамхори Ватан, халқу ҷамъият, насле, ки масъулияти фардои Тоҷикистонро ба дӯш гирифта тавонад, вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси сохтори маорифи мост».
Рушди соҳаи маориф ва илм ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар Паёми Пешвои миллат 23.12.2022 зери таваҷҷуҳи хоса қарор дода шуда, насли наврас ҳамчун захираи тиллоӣ ва ояндасози миллат арҷгузорӣ мегардад. Пешвои миллат дар Паём кормандону масъулини мактабу маориф, волидайн ва аҳли ҷомеаро ба тарбияи сазовори насли ояндасоз ҳидоят ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф намуда, арҷу эҳтиром гузоштан ба ӯро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин арзёбӣ карданд. Дар ин самт таъкид гардид, ки: “Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”.
Ин суханони дурбинона ва ояндасози Сарвари давлат моро водор месозанд, ки ба мақсади ояндаи дурахшони давлату миллат, ба масъалаҳои таълим додану маърифатнок кардани хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот якҷо бо волидайн ва мақомоти масъули давлатӣ саъю кӯшиш намоем.
Бояд ёдовар шуд, ки дар солҳои истиқлол беш аз 60 санади меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия гардид ва ислоҳоти низоми таълиму тарбия дар ҳамоҳангӣ бо барномаҳои ниҳодҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамвора такмил ёфт.
Соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ба ҳукми аввалин ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф дар вазъияти мураккабу душвори иқтисодиву сиёсӣ таҳия ва қабул гардид. Дар идомаи навҷӯиҳо Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015, Консепсияи миллии таҳсилот, Консепсияи миллии тарбия, Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд.
Дастгирии соҳаи маориф аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии зич дорад. Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имконот истифода карда, доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардондани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла, шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Эътибор РАҶАБОВА,
омӯзгори географияи МТМУ №13, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров