ҶОЙИ СЕЮМ МИЁНИ 55 КИШВАРИ ОЛАМ

Аз 13 то 18 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Словения 12-умин Олимпиадаи аврупоӣ аз фанни математика барои духтарон (European Girls’ Mathematical Olympiad) баргузор гардид, ки дар он 213 нафар хонандаи 55 кишвари олам, аз ҷумла, ИМА, Чин, Австралия, Олмон, Канада, Англия, Япония, Исроил, Бразилия, Фаронса, Мексика, Швейтсария, Арабистони Саудӣ, Колумбия, Юнон иштирок намуданд.
Дар ин рақобати зеҳнии сатҳи ҷаҳонӣ хонандаи синфи 11-и литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Аниса Бӯриева фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гашт ва парчами Тоҷикистонро боло бардошт.
Инчунин, хонандаи дигари литсейи номбурда Фараҳноз Нормуродзода сазовори ҷойи ифтихорӣ гашт.
Ба даст овардани як ғалаба ва як мақоми ифтихорӣ дар олимпиадаи байналмилалии мазкур нишонаи рақобатпазир будани системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон буда, чунин дастовардҳои беназир натиҷаи тадбирҳои хирадмандонаи Ҳукумати кишвар, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф мебошад.
Дастоварди ҷаҳонӣ ба мардуми кишвар ва ҳамаи алоқамандони мактабу маориф муборак бошад!
Таҳияи
Сайфиддин МУРОДОВ,
«Омӯзгор»