«ТОҶИКОН» — ОИНАИ МИЛЛАТ

Бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими истеҳсолӣ ва фанҳои гуманитарии коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо иштироки як қатор олимони соҳаи таърих ва устодони коллеҷ дар мавзуи «Аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангии асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Дилрабо Файзуллоева, муовини директори коллеҷ доир ба тадбирҳои фарҳангию таърихии муассиса, иттилоъ дода, афзуд, ки чорабинии навбатӣ ба 115 – солагии фарзанди сарсупурдаи миллат, академик Бобоҷон Ғафуров бахшида мешавад.
Лоиқназар Мумин, муови-ни директори Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун гардонандаи маҳфил аз саҳми аллома Б. Ғафуров дар шинохти миллати тоҷик андешаронӣ кард. Номзади илми таърих, дотсенти ДМТ Амиршо Ёрмаҳмадов дар мавзуи «Академик Б. Ғафуров ҳамчун таърихнигори марксистӣ» изҳори назар карда, афзуд, ки дар муҳити ҳукмронии Иттиҳоди Шуравӣ эҷоди асаре бо номи «Тоҷикон» худ қаҳрамонӣ буд. Бо ин амали хеш муаллиф тавонист бо навиштани ин асар исбот намояд, ки миллате бо номи тоҷик дар олам таърихи қадим дорад.
Суханронии Алишер Қурбонов, омӯзгори коллеҷи информатика, дар мавзуи «Нақши «Тоҷикон» дар таҳкими худшиносии миллӣ», И. Шарифов, ходими илмии Институти масъалаҳои Осиё ва Аврупо, дар мавзуи «Нақши «Тоҷикон» — и Б. Ғафуров дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ», Файзулло Қурбонов, омӯзгори коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгории шаҳри Душанбе оид ба мавзуи «Вохӯрии Бобоҷон Ғафуров бо И.В.Сталин» басо пурмуҳтавову ҷолиб буд. Дар қисмати суолу ҷавоб ва андешарониҳои дигар иштирокдорон тавонистанд роҷеъ ба мавзуи матраҳгардида маълумоти фаровон ба даст оранд.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»