ЧАШМАИ САРШОРИ ИЛМ

Мактаб даргоҳи бузургест, ки бо қадам ба остонаш гузоштан хурдон бузург, бузургон барнодил ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест касе, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Маҳз дар мактаб маърифат пойдор, илму дониш устувор мешавад. Тавассути заҳмати устодони накукор шогирдон ба камолот мерасанд. Омӯзгоронанд, ки дар ҳамаи таълимгоҳҳо шогирдонро илм омӯзонда, ба некию накукорӣ ва рафоқату дӯстӣ даъват мекунанд.
Ҳар инсон дар зиндагӣ ба чизе эҳтиёҷ дорад. Агар барои инсон, пеш аз ҳама, муҳити хуби хонаводагӣ, хӯроку либос ва тансиҳатӣ лозим бошад, барои тарбияи инсони асил ва баркамолу дониш-манд мактабу омӯзгорони болаёқату дилсӯз лозиманд. Мактаб гулшани ҳамешабаҳорест, ки рангу тароват ва гулҳои зинатбахши он илму фарҳанг, одобу маърифат ва фазлу камоли ин-сонист. Мактаб манбаи илму ҳунару хислатҳои ҳамида — вафодорӣ, дӯстӣ, озодандешӣ ва сулҳпарварист. Мактаб ёри меҳрубон, зинати умр, тавон-бахши инсон ва махзани маърифату ақлу заковати ҳар шахс мебошад. Нест сарваре, нест адибе, нест олиме, нест каси бохираде, ки таълиму тарбияи ин даргоҳи муқаддасро нагирифта бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд:
«Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм до-нистаанд. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд».
Ҳар як инсони комилҳуқуқ бояд, ки аз даргоҳи мактаб баҳра бардорад, илм омӯзад, тарбияи дуруст гирад, вагарна, бемаърифату бедонишу беҳадаф ба воя мерасад. Шодмонию соҳибхирадӣ, бузургию накуандешӣ ва росткорию хушдилӣ маҳз аз мактаб падид меояд. Ба ин даргоҳ арҷ гузоштан ва онро азизу гиромӣ доштан қарзи ҳар як инсони соҳибхирад аст.
Латофат ҒУЛОМОВА,
омӯзгори коллеҷи тиббии
шаҳри Бохтар