Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ду лабораторияи муосири илмӣ-тадқиқотӣ ифтитоҳ ёфт. Лабораторияҳои мазкур дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар маросими ифтитоҳи он муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва ректори донишгоҳ, профессор Аюб Усмонзода иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки самтҳои асосии тадқиқоти лабораторияи идоракунии рақамиро коркард ва татбиқи системаҳои пешқадами идоракунии рақамӣ: имзои рақамӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, идоракунии равандҳои иқтисодӣ, балоиҳагирӣ, татбиқ ва истифодаи системаҳои идоракунии автоматикардашуда бо истифодаи методҳои рақамии коркард ва интиқоли маълумот: истеҳсолот, тиҷорат, хизматрасонӣ, маориф, тиб ва ғайра фаро мегирад.
Тадқиқи имкониятҳои идоракунии автоматии таҷҳизот: системаи равшанидиҳанда, техникаи маишӣ, техникаҳои назоратӣ, тадқиқ ва коркарди таҷҳизоти худкор ва тадбиқи амалии онҳо: самаранокии иқтисодӣ, устувории техникӣ, ташаккули робототехника ва тавсеаи он дар ҷомеа самтҳои асосии фаъолияти лабораторияи дигар — таҳти унвони лабораторияи IoT (интернет — ашё) ба шумор меравад.
Технологияи интернет – ашё имрӯз яке аз технологияҳои афзалиятноки инноватсионӣ ба шумор рафта, ҳамасола шумораи ҳар чи бештари одамон ба истифодаи ашёи «боақл» рӯ меоранд. Интернет – ашё системаи ба ҳам алоқаманди компютерӣ, таҷҳизоти механикию рақамӣ, объектҳо маҳсуб меёбад, ки бо идентификаторҳои нодир муҷаҳҳаз буда, имконияти интиқоли маълумот бо воситаи шабака бидуни зарурати таъсири мутақобила бо инсон ё компютерро соҳиб мебошад.
Дар факултети математикаи донишгоҳ низ бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва ректори донишгоҳ, профессор Аюб Усмонзода лабораторияи таълими рақамӣ ба фаъолият шуруъ намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар лаборатория барои ҷорӣ намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба рақамикунонии таълими математика ва информатика заминаи мувофиқ фароҳам шудааст.
Ифтитоҳи лабораторияҳои мазкур дар ҳаёти донишгоҳ дастоварди тоза маҳсуб ёфта, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” судманд хоҳад буд.
Маркази иттилоот
ва таҳлили ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров
