МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ НОГУЗИР АСТ

Дар асри технологияи иттилоотӣ созмонҳои террористӣ бо истифода аз васоити ахбори умум – шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш менамоянд, ки ақлу ҳуши ҷавононро мутеи худ кунанд. Агар дар соли 1998 сохторҳои террористӣ дар шабакаҳои нав ташаккулёфтаи интернет ҳамагӣ 12 сомона, соли 2005-ум 4800 сомона доштанд, ҳоло шумораи сомонаҳои интернетии гурӯҳҳои террористӣ ба 10000 адад расидааст. Гузашта аз ин, феълан дар шабакаҳои интернетӣ миқдори сайтҳои ахборӣ, ки бо созмонҳои террористӣ робитаи мустақим надоранд, аммо ғояҳои онҳоро меписанданд, хеле афзудааст.
Ҳоло терроризми байналмилалӣ бо шиорҳои бофтаю сохтаи исломӣ мақсадҳои худро пардапӯш намуда, ба таври хеле хатарбор амал мекунад. Ин дар ҳолест, ки ислом ба терроризм ва ҳаракатҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта, баръакс, таълимоташ зидди ин зуҳуроти хатарнок нигаронда шудааст. Иллат танҳо дар он аст, ки қувваҳои махсус барои амалӣ намудани манфиатҳои худ аз дини мубини Ислом истифода мекунанд. Роҳбарони пасипардагии терроризм мехоҳанд, харитаи иқтисодию сиёсии ҷаҳонро ба манфиатҳои худ мувофиқ созанд ва махфӣ нест, ки террористон барои амалӣ гардондани хостаҳои пуштибонони худ бо нишондоди онҳо амал менамоянд. Мақсади асосии онҳо сарнагун кардани сохти конститутсионии давлатҳои алоҳида ва ба ҷойи онҳо ҷорӣ намудани низомҳои иртиҷоии ҷаҳолатпешаю ба идеологияи экстремистӣ асосёфта мебошад.
Дар вазъи шиддат гирифтани авзои сиёсии ҷаҳон, вусъати бесобиқаи низоъҳои байнидавлатию байнидинӣ, авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Истифодаи қувва ва зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ рӯз ба рӯз бештар мушоҳида мешавад. Қудратҳои ҷаҳонӣ дар раванди ҳифзи манфиатҳои худ дар гӯшаҳои гуногуни олам муқобили ҳам қарор мегиранд, ки дар натиҷа низоми давлатдории як силсила давлатҳо аз байн меравад. Танҳо соли 2017 зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои террористон ва ифротиён қарор гирифтанд.
Торафт доман паҳн намудани ҷуғрофияи нооромиҳо ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ таҳдиди бевосита эҷод ме-кунад. Ислоҳи чунин вазъ танҳо дар сурати такмили ҳуқуқи байналмилалӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои ҳуқуқии муҷозотӣ барои кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, амалӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм, ба муҳокимаи додгоҳи байналмилалӣ кашидани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунанда имконпазир мегардад.
Таҷрибаи ҷаҳонии мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ собит намуд, ки ҳеҷ яке аз кишварҳои бузург ҳам ба танҳоӣ амнияти дохилӣ ва хориҷии худро таъмин карда наметавонад ва имкони дастёбӣ ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ надорад. Ҳатто Иттиҳоди Аврупо, ки 30 кишвари аврупоиро дар худ муттаҳид кардааст, бо ин зуҳурот дастбагиребон аст ва дар муқовимат бо терроризм ниёз ба ҳамоҳангӣ бо дигар қудратҳои ҷаҳонро дорад. Ин дар ҳолест, ки чор давлати узви иттиҳод аз ҷумлаи ҳашт кишвари саноатии ҷаҳон, ду узви он дорои силоҳҳои ҳастаӣ ва узви доимии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд. Бо назардошти ин, ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо ИМА ва Россия дар мубориза ба муқобили қочоқи маводи мухаддир, қочоқи инсон, аслиҳаву яроқи ҳастаӣ, терроризми байналмилалӣ, низоъҳои минтақавӣ, барои амнияти ҷаҳонӣ аз аҳамияти хосса бархӯрдор аст.
Ҳамагон бояд донанд, ки таассуб дар ҳар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад. Он, ки тафаккураш таассубист, ба терроризму ифротгароӣ ба осонӣ гузариш мекунад. Террорист аҳли гуфтугӯ ва муколама нест. Таассуби динӣ нисбат ба илм, мухолифати меҳробу минбар роҳест ба сӯйи бунбасти тафаккур, роҳест, ки инсонро ба нобудӣ мебарад. Ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ, “таассуб чашмҳои биноро кӯр мекунаду гӯшҳои шунаворо кар месозад”. Террористону ифротгароён воқеияти зиндагиро дуруст дарк намекунанд, аз воқеияту рӯйдодҳо хулосаҳои нодуруст мебароранд. Онҳо аксар вақт аз аҳкоми динӣ донишҳои ноқис доранд. Вокунишашон ба андешаю амали дигарон хушунатбор аст.
Ҳоло авзои ноорому бесуботи сиёсии сайёра боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон аст, зеро кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард мекашанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022) ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, вобаста ба таҳдидҳои замони муосир ва муқовимат бо онҳо чунин таъкид карданд: «Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд.
Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад».
Дар заминаи ин таъкиди Пешвои миллат ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше шоиста гузорад.
Фирӯз ГАДОЗОДА,
муфаттиши шуъбаи тафтиши
парвандаҳои ҷиноятии
махсусан муҳими
Сарпрокуратураи ҳарбии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
капитани адлия