САБЗБАҲОР – ҒОЛИБИ ОЗМУН

Ба хотири дарёфти омӯзгори эҷодкору навовар ва беҳтарини сол дар шаҳри Ваҳдат озмуни “Муаллими соли Тоҷикистон” барпо шуд. Дар ин сабқати маҳорату малака ва дониш 7 нафар омӯзгори фанҳои гуногуни муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзида, тайи се рӯз назди ҳакамон ҳунар ва таҷрибаи хешро муаррифӣ намуданд.
Тибқи шартҳои ҳисоботи эҷодӣ, як дарси кушоди намунавӣ, ташкили дарсҳои тарбиявию маҷлиси падару модарон ва ҷавоб ба 10 саволи муаммоҳои педагогию психологӣ сатҳи донишу маҳорати довталабон муайян карда шуд. Омӯзгори физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 ба номи Бӯригул Асоева — Сабзбаҳор Кӯчакшоева бо гирифтани 36 хол мақоми аввалро соҳиб гашта, ғолиби озмуни “Муаллими сол” дар шаҳри Ваҳдат гардид.
Ғолиб ва иштирокчиёни озмун соҳиби мукофотҳои пулию молӣ ва ифтихорномаҳо шуданд.
Саидмурод ИСКАНДАРӢ,
шаҳри Ваҳдат