Ҳафтаи гузашта дар толори фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Энергияи сабз ва ҳифзи экосистемаҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки олимону муҳаққиқон аз донишгоҳҳои кишвар баргузор гардид.
Конфронсро муовини ректор оид ба таълим Айниддин Холиқзода ҳусни оғоз бахшида, ҷиҳати ташаббусҳои беназири Роҳбари давлат дар масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ибрози андеша намуд.
Сипас, Абдулҳамид Қаюмов, директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷумҳурии Тоҷикистон — пешоҳанги омӯзиши пиряхҳо дар ҷаҳон», Таваралӣ Ғаниев, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи идоракунии Тоҷикистон дар мавзуи «Давраҳо ва равандҳои глобалии экологии рушди босуботи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ӯктам Муртазоев, профессори кафедраи географияи табиии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Холназар Муҳаббатов, профессори кафедраи методикаи ташкили туризми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Шералӣ Гадоев, мудири кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ дар мавзуи «Пиряхҳо — танзимкунандаи оби ширин дар сайёраи Замин» маъруза намуда, доир ба ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат дар самти масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ибрози андеша карданд. Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ кори конфронс дар ду бахш: «Географияи табиӣ» ва «Географияи иқтисодӣ» идома ёфт. Бояд қайд намуд, ки дар кори конфронс 83 мақолаи профессорону омӯзгорон мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифт.
Шарифи АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»,
шаҳри Кӯлоб
