Директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Фахриддин Шарофов изҳор дошт, ки оғози соли 2023 барои маорифчиёни шаҳр, махсусан, кормандони маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бобарор гардид.
Дар даври минтақавии олимпиадаи фаннии хонандагон, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд, 256 нафар ғолиби даври шаҳрии олимпиадаи мазкур аз муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзиданд. Маълум гашт, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат ба ин озмуни бонуфузи илмӣ бо тайёрии пухта омадаанд. Дар озмун 81 нафар ба гирифтани ҷойҳои аввал, яъне 16 медали тилло, 27 медали нуқра ва 38 медали биринҷӣ муваффақ гашта, 40 нафари дигар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Дар маҷмуъ, намояндагони шаҳри Ваҳдат бо мақому мукофотҳои ба даст овардаашон дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии тамоми шаҳру навоҳии минтақаи Ҳисор ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф гаштанд. Зикр гардид, ки маркази рушд ва дарёфти истеъдодҳои назди раёсати маориф имрӯз бо хонандагону омӯзгорони эҷодкору навовар робитаи пурсамари илмӣ дорад. Ин ҳамкорӣ ва дарёфти хонандагони лаёқатманд боиси пешравии фаъолияти илмии онҳо мегардад. Маркази рушд барои ба олимпиадаву озмунҳои фаннӣ омода намудани хонандагон пайваста чораҷӯйӣ намуда, бо хонандагони лаёқатманд дарсҳои иловагӣ, маҳфилҳои фаннӣ ташкил ва баргузор менамояд.
Дар вазъияти тантанавӣ ва шодиву сурур ба тамоми ғолибони олимпиада медал, ифтихорнома, сипоснома ва мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, раёсати маориф, иттифоқи касаба, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо супорида шуд.
