Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти даҳшатангез- терроризму ифротгароии динию мазҳабӣ дучор омадааст. Ин гуна амалҳои баъзе гурӯҳҳои ҷоҳталаб боиси ба дом афтодани баъзе ашхоси камтаҷрибаву бемаърифат мегардад. Дар чунин айёми пуртазод дар сурати доман паҳн кардани терроризм ҳифзу нигоҳ доштани истиқлоли давлатӣ, ваҳдату осудагии мамлакат аз ҳар як сокини кишвар масъулияти бештар тақозо дорад.
Албатта, таъмини рушди устувори арзишҳои миллӣ кори осон набуда, ин рисолатро танҳо миллате ба сомон расонда метавонад, ки худшиносӣ ва маърифату андешаи комили миллӣ дошта бошад. Гароиши ҷавонон ва наврасон ба гурӯҳҳои мухталифи ифротӣ, ҷараёнҳои террористӣ ва амалҳои номатлуби ба ҷомеа зарарнок водор менамояд, ки дар ин раванд сабабу омилҳо муайян гардида, барои тарбияи насли наврас ва ҷавонон тадбирҳои судманд андешида шаванд.
Маърифатпарварии насли наврас омили муҳимест барои аз хатари нобудӣ раҳонидани миллат. Худ шоҳиди онем, ки аҳли башар аз оқибатҳои даҳшатборе, ки дар давлатҳои Сурияву Ироқ рӯй медиҳанд, нигаронанд. Мутаассифона, ҷавонони зиёде ба ин гурӯҳҳо ворид гардида, ҷони худро дар азобу хатар гузошта, худро қурбони ихтилофот дар мулки бегона менамоянд. Ба онҳо гуфтанием, ки эй нохудогоҳон, тоҷикон ҳаргиз ба сари миллате теғ накашидаанд, хуни миллати бегуноҳеро нарезондаанд. Чаро барои сарвати андаке аз дудмон, наслу насаби худ дурӣ меҷӯед? Миллати мо соҳибтамаддун буда, аз мероси фарҳангӣ, илму адаб ва таърихи ғании худ ба таври фаровон истифода бурдааст.
Мутаассифона, баъзан мешунавем, ки занҳо низ ба ҷараёнҳои ифротгаро пайваста, на танҳо ҷони худ, балки ҷони ҳамқавмон, хешу табор, аҳли ҷомеаро ба хатар меандозанд, ба номи хонаводаву миллати хеш доғ меоранд. Ингунаҳо дар зиндагӣ мавқеи шаҳрвандии худро аз даст дода, умед ба ояндаи насли худ надоранд. Ҳастии миллат барои чунин одамон бефарқ буда, ин роҳашон онҳоро ба вартаи нобудӣ мебарад. Онҳо бояд бо чунин кирдорҳои ношоистаашон назди миллату давлат ва наврасони ятиммонда узр пурсанду тавба намоянд.
Фикри солимро ба кор бурдану ҷомеаро обод сохтан, ҳифзи сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони азиз вазифаи ҳар кадоми мост.
С. НАЗАРОВА,
директори муассисаи
таҳсилоти миёнаи
умумии №22,
ноҳияи Рӯдакӣ
