ФАЙЗИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Тоҷикистон дар оғози ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ гардид, ки он ба муқовимати шадиди сиёсӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва фарҳангии кишвар вобаста буд. Чунин вазъият дар соҳаи маориф ҳолатҳои буҳронӣ ба вуҷуд овард. Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаҳои ҷангзадаи Тоҷикистон бисёр иншооти таълимӣ-тарбиявӣ ва фарҳангӣ харобу нобуд гаштанд. Аз рӯи маълумоти Хазинаи асъори байналхалқӣ ва Бонки умумиҷаҳонӣ солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қариб 20 фоизи мактабҳои ҷумҳурӣ харобу валангор гашта, беш аз 130 бинои мактаб ба таъмири ҷорӣ,таъмини асбобу ашёи таълимӣ, дастуру китобҳои дарсӣ ва заминаи моддӣ-техникии таълимӣ ниёз доштанд. Зарурати сохтани мактабҳои нав бо 20 ҳазор ҷойи нишаст бар ивази биноҳои харобу вайронгашта ба миён омад.
Маҳз талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки аз соли 1993 вазъи соҳаи маориф рӯ ба беҳбуд ниҳод ва ҷалби хонандагону омӯзгорон ба мактаб бештар шуда, сатҳу сифати таълим беҳтар гардид. Бо дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар маблағгузорӣ ба соҳаи маориф мунтазам афзоиш ёфт.
Агар дар соли 2000 барои муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба таври умум 27,6 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, дар соли 2010 ин нишондиҳанда 707,3 миллион сомониро ташкил дод. Дар тӯли солҳои 2004 — 2008 406 мактаб барои бештар аз 90 ҳазор донишомӯз ба маблағи 83 миллион сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар соли 2009 аз ҳисоби манбаъҳои гуногуни маблағгузорӣ (давлатӣ, ғайридавлатӣ, грант, хусусӣ) ба маблағи 124 миллион сомонӣ 218 мактаб барои 40 ҳазор нафар донишомӯз бунёд гардиданд. Дар давраи истиқлол теъдоди мактаб — интернатҳо низ афзуд. Агар дар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 41 мактаб — интернат вуҷуд дошт, дар соли 2010 шумораи чунин муассисаҳои таълимӣ ба 78 адад расид. Дар ҳамин марҳала 200 номгӯй китоби дарсӣ барои донишомӯзони мактабҳо нашр гардид, ки теъдоди он 18 миллион нусхаро ташкил медод ва барои ин иқдом 72 миллион сомонӣ харҷ шудааст.
То замони истиқлол дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард. Илова бар ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунад.
Ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф то соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид. Дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешавад.
Дар 31 соли соҳибистиқлолӣ бунёд кардану таъсис додани 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла, 156 муассисаи таълимии шакли нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ далели возеҳи иқдомҳои созандаи Ҳукумати мамлакат мебошанд. 1 сентябри соли ҷорӣ қариб 2 миллиону 300 ҳазор нафар навраси кишвар дар муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта шудаанд, ки 272 ҳазор нафари онҳо бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаи маориф даҳҳо барномаи давлатӣ қабулу амалӣ шуда, Ҳукумати мамлакат маблағгузориро барои рушди ин бахш сол ба сол афзоиш дода истодааст. Соли 2022 ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2021 706 миллион сомонӣ, ё ин ки 11,3 фоиз зиёд буда, 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар соҳаи маориф 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 1 миллиард сомонӣ амалӣ мешавад. Маҳз ба шарофати истиқлолу ваҳдат ва заҳмати содиқонаи халқ ба чунин дастовардҳо ноил гардидаем.
Мадина МАМАДНАЗАРБЕКОВА,
мутахассиси раёсати Агентии
назорат дар соҳаи маориф
ва илми назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ