Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» мутобиқи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва банди 11 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдиқ шудааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
2. Барои назорат ва ҳамоҳангсозии корҳо ҷиҳати фаъолияти мунтазами муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти соҳаи маориф дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 Ситоди фаврии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад (замимаи 2).
3. Сардорони Сарраёса-ти маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии мақоми ҷумҳуриявидошта уҳдадор карда шаванд, ки нақшаи чорабиниҳои мазкурро ба роҳбарӣ гирифта, аз натиҷаи корҳои иҷрошуда то рӯзи 25-уми ҳар моҳ ба Вазорати маориф ва илм маълумоти хаттӣ пешниҳод намоянд;
4. Сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ (У.Ҳасанзода) уҳдадор карда шавад, ки рафти омодагии муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳуриро барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 зери назорати қатъӣ қарор дода, аз натиҷаи иҷрои корҳо то 10-рӯзаи ҳар моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ва-зорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиб маълумоти хаттӣ ва электронӣ ирсол намояд.
5. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Ҷӯразода гузошта шавад.
Асос: Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125.
Вазир Раҳим САИДЗОДА