ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ СПИТАМЕН БОЗДИД КАРД

20 апрели соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№13 ва 18-и ноҳияи Спитамен шинос гардид. Вазири маориф ва илмро раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода ҳамроҳӣ намуд.
Нахуст зимни боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 маълум гардид, ки директор дар муассисаи таълимӣ ҳузур надошта, хонандагони синфи 11, ки тибқи ҷадвали дарсӣ 5 соат дарс доранд, аллакай соати 11:07 дақиқа аз муассиса хориҷ шуда истодаанд. Бинои дуошёнаи муассисаи таълимӣ тайи чанд соли охир таъмир нагардида, ба шабакаи обтаъминкунӣ пайваст нест. Мизу курсӣ ва дару тирезаҳои шикаста ба талабот ҷавобгӯ набуда, рафти таълиму тарбия халалдор карда мешавад.
Раҳим Саидзода бо рафти дарсгузарӣ дар синфхонаҳо шинос гардид. Дар синфи 9″В», ки 22 нафарро ташкил медиҳад, ҳамагӣ 4 хонанда дар дарс ҳузур дошта, вазъи китобу дафтардории онҳо ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид. Дар рӯзномаҳои хонандагон номи мавзуъҳои дарсӣ умуман дарҷ нагардида, дар дафтарҳояшон аз аввали сол то ҳол ҳамагӣ 1 саҳифа навиштаанд.
Вазири маориф ва илм аз вазъи таълиму тарбия дар муассисаи мазкур изҳори нигаронӣ карда, зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорон оид ба ислоҳи камбудиҳо дар кӯтоҳтарин муҳлат, вазъи омодагии хатмкунандагони муассисаи таълимӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, аз бар намудани 400 вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», «»Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман » изҳори назар кард. Ба масъулин ва омӯзгорон таъкид кард, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф аст. Қайд гардид,ки таваҷҷуҳу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ зиёд аст. Ба ин хотир, маҳз ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд диққати махсус дода шавад.
Раҳим Саидзода ҳамчунин иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм муассисаи мазкурро бо мизу курсӣ барои 50 ҷойи нишаст, 2 адад тахтаи синф ва ҷевон таъмин намуда, ҷиҳати таъмири бинои муассиса бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҳатман чораҷӯйӣ карда мешавад.
Сипас вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии миёнаи умумии 18 дидан кард. Маълум гардид, ки муассиса дорои ду бинои таълимии якошёна буда, онҳо солҳои 171 ва 1981 сохта шудаанд. Муассиса дорои 14 синфхона ва 601 хонанда буда, мушкили асосӣ нарасидани ҷойи нишаст барои хонандагон аст.
Раҳим Саидзода қайд намуд, ки масъалаи сохтани синфхонаҳои иловагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд пайгирӣ гардида, муассиса аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба мизу курсӣ барои 50 ҷойи нишаст, 2 адад тахтаи синфӣ ва ҷевон таъмин карда мешавад.
Дар охир Раҳим Саидзода қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба таълиму тарбия, махсусан сифати таҳсилот диққати махсус дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат рисолати омӯзгории худро бо масъулияти баланд иҷро намоем.
Ёдовар бояд шуд, ки субҳи 20.04.2023 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Нодирҷон Бобоев тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз вазири маориф ва илм хоҳиш намуд, ки аз муассисаҳои таълимии №№13 ва 18-и ноҳияи Спитамен боздид намояд. Вазъи муассисаҳои мазкур воқеан начандон хуб буда, тибқи дастуру супоришҳои вазири маориф ва илм дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, шуъбаи маорифи ноҳия ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон