Дар доираи конфронси Оби тозаи Созмони Милали Муттаҳид-2023 ҳамоиш зери унвони «Об ва Наврӯз — ду сарчашмаи ҳаёти башар» баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.
22-юми марти соли ҷорӣ маросими ифтитоҳи конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадаф ҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки сарони давлатҳо, роҳбарони ҳайатҳо, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагон аз давлатҳои гуногуни сайёра баргузор шуд. Дар минбари асосии Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамраисии Подшоҳи Нидерланд, муҳтарам Виллем Александр ва муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ташрифотӣ суханронӣ наму данд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Албатта, обшавии пиряхҳо раванди бисёр ҷиддиест, ки онро наметавон бо баргузор кардани чорабиниҳо дар доираи як сол ва ё ҳатто чандсолаҳо пешгирӣ намуд. Талошҳои зиёд, давомдор ва муштарак, аз ҷумла, ҷиҳати пешгирӣ кардани гармшавии ҳарорати ҳаво лозиманд, то ки суръати обшавии пиряхҳо коҳиш дода шавад. Ҳадафи пешниҳоди эълони «Соли ҳифзи пиряхҳо» ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид намудани талошҳо барои андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиши ин раванд, устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад».
Бори якум Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об соли 1977 баргузор шуда буд ва то ин дам ҳеҷ як кишвар ба баргузории чунин чорабинӣ таваҷҷуҳ зоҳир намекард. Дар чорабинии мазкур ташаббуси панҷуми Тоҷикистон вобаста ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва аз соли 2025 минбад ҳар сол таҷлил кардани рӯзи 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамовозӣ пайдо намуд.
Дар бораи аҳаммияти об, оби тоза барои инсонҳо дар ҳар як суханронии худ Пешвои миллат пайваста ба ҷаҳониён ҳушдор медиҳанд, ки аз зумраи ҳама он буҳронҳое, ки ба сари инсоният омадааст, дар асри XXI буҳрони ҷиддитарин буҳрони об ва дастрасӣ ба оби тоза аст. Қайд карданд, ки зиёда аз 3 миллиард аҳолии кураи Замин имрӯз ба шароити беҳдоштӣ ва оби тоза ниёз дорад. Инчунин, бо далелҳои муътамади илмӣ ба ҷаҳониён фаҳмонданд, ки дастрасӣ ба оби тоза ва худи миқдори оби тоза ба сари аҳолӣ, ки мунтазам меафзояд, сол то сол нишондиҳанда тақрибан 2,5 баробар паст мешавад ва вобаста ба тағйирёбии иқлим болоравии ҳарорати миёнаи кураи Замин, сохтмони иншооти бузурги саноатӣ, ки ба тағйирёбии иқлими кураи Замин оварда расондаанд, пиряхҳо низ бо шиддат об мешаванд. Дар ҳоле ки мо медонем, ки пиряхҳо сарчашмаҳои асосии обӣ дар кураи Замин ҳастанд ва тақрибан зиёда аз 96, 5 дар сади захираи оби ошомиданӣ дар пиряхҳо маҳфуз аст.
Пешвои миллат ба мардуми сайёра ҳушдор доданд, ки пиряхҳо на ин ки дар баландкӯҳҳо, инчунин, дар Арктика ва Антрактида низ бо шиддат об шуда истодаанд, яъне, сарчашмаи асосии оби тозае, ки инсонҳо ба он ҳамарӯза ниёз доранд, торафт кам мешавад. Худи пазируфта шудани ин ташаббусҳо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, нишони он аст, ки имрӯзҳо мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло меравад, ин мавқеъ мустаҳкамтар мешавад ва ҷаҳониён Тоҷикистон ва Сарвари онро ҳамчун Пешвои ташаббускор шинохтанд ва пешниҳоди он касро мепазиранд, зеро ин пешниҳодҳо барои тамоми аҳли сайёра ҳамчун пешниҳодҳои наҷотбахшанд.
Дар кишваре, ки 60 дар сади обҳои Осиёи Марказӣ дар он ташаккул меёбанду худ аз норасоии об танқисӣ надошта, ҳамагӣ 5 дар сади обҳои худро истифода мекунад, ба ин сатҳ мароқ зоҳир кардан ба масъалаҳои марбут ба об нишонаи хирадмандӣ ва фаросати баланди инсонист.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани тадбирҳо ва пешниҳодҳо ба Созмони Милали Муттаҳид танҳо ба Тоҷикистон мансуб набуда, балки аҳаммияти ҷаҳонӣ дорад.
Фарҳод ШАФИЗОДА,
директори коллеҷи омӯзгории
ноҳияи Зафаробод,
номзади илмҳои филологӣ
