БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

19 апрели соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо вазъи муассисаҳои таълимӣ шинос шуд.

Нахуст Раҳим Саидзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и маҳаллаи Бобокалонови шаҳри Конибодом боздид намуд, ки дар он бахшида ба 125-солагии Садриддин Айнӣ аз ҷониби хонандагон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардида истода буд. Дар рафти боздид ба вазири маориф ва илм иттиллоъ дода шуд, ки муассиса дорои 27 синфхона буда, дар он 529 нафар хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. 35 нафар омӯзгорон ба хонандагон аз фанҳои гуногун дарс гуфта, дар соли таҳсили 2021-2022 2 нафар хонандагони муассиса дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Зимни суҳбат бо аҳли кормандони муассисаи таълимии мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода тазаккур дод, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф омӯзгорон ба фаъолияти хеш дар самти таълиму тарбияи насли наврас вусъат бахшида, дар замири онҳо меҳру муҳаббат нисбат ба Ватани маҳбуб, ҳисси худшиносиро бедор намоянд. Ҳамчунин, аҳли маорифи кишвар дар самти воло нигаҳ доштани мақому мартабаи омӯзгор дар ҷомеа, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони хуби забондон бояд пайваста талош намуда, дар пешрафти соҳаи афзалиятнок саҳми назарраси худро гузоранд. Таъкид гардид, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар кишвар озмунҳои гуногун баргузор карда мешавад, ки иштироки хонандагону омӯзгорони шаҳри Конибодом дар онҳо кам ба чашм мерасад. Аз ин рӯ, ҷиҳати иштироки бештари хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ зарурати дигар кардани шеваи кор пеш омадааст.

Дар рафти боздид аз сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодом вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати қабл аз муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Лозим ба ёдоварист, ки фармоишгари сохтмони бинои нави муассисаи таълимии мазкур Вазорати маориф ва илм буда, он барои 240 нафар хонанда дар як баст аз ҷониби ҶДММ “Сохтмон”-и ноҳияи Масчоҳ сохта шуда истодааст. Шумораи умумии хонандагон дар муассисаи таълимии №48 айни замон 483 нафарро ташкил намуда, 35 нафар омӯзгорон ба онҳо дарс мегӯянд.

Дар идома вазири маориф ва илм аз гимназияи№4-и шаҳри Хуҷанд боздид намуд. Гимназия соли 1947 сохта шуда, дорои 55 синфхона, аз ҷумла, 4 кабинети технологияи иттилоотӣ, 2 озмоишгоҳ, 1 толори варзишӣ, 1 толори маҷлисгоҳ, 1 кабинети омодагии дифои ҳарбӣ, 1 кабинети физика, 1 кабинети химия, 1 кабинети лингафонӣ мебошад. Дар гимназия 3068 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 123 нафар омӯзгорон ба онҳо дарс мегӯянд.

Раҳим Саидзода дар рафти суҳбат бо масъулини муассиса оид ба вазъи омодагии хатмкунандагони муассисаи таълимӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, аз бар намудани 400 вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ, риояи интизоми меҳнат аз ҷониби омӯзгорон ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассиса изҳори назар кард. Ба масъулин ва омӯзгорон таъкид намуд, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф аст.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон