“А Ф С О Н А И Қ А Л А М”

18.04.2023. ш. Душанбе

Имрӯз дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи рақами 2 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе бо иштироки шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Раҳмат Назрӣ, шоир, нависанда ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Юсуфҷон Аҳмадзода ва шоир, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Латофат Кенҷаева, сарояндаи халқии Тоҷикистон Муҳарама Шарипова муаррифии нахустин маҷмӯаи шеърҳои хонандаи синфи 8-и муассиса Анӯшервони Баҳодур бо номи “Афсонаи қалам” баргузор гардид.
Дар маҳфил адибон ба ҳунари эҷодии шоири наврас баҳои баланд дода, ҷиҳати эҷоди шеърҳои баландмазмун ва хонданибоб маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар рафти чорабинӣ шеърҳо аз эҷодиёти Анӯшервон қироат карда шуда, баромадҳои фарҳангии хонандагон пешкаши ҳозирин гардид ва иштирокчиён аз он таассуроти маънавӣ бардоштанд.