ХАТАР БА АМНИЯТИ ҶАҲОН

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ вохӯрии кормандони шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо устодон ва донишҷӯён вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили гаравиши ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ баргузор гардид.
Вохӯриро муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, дотсент Гулчеҳра Аҳророва оғоз намуд. Сипас, кормандони шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Ҷамшед Ҳайдарзода ва подполковники милитсия Беҳрӯз Ҳусейнзода вобаста ба хатарҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он суханронӣ намуданд. Ҷамшед Ҳайдарзода оид ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки дар шароити муосир терроризм ва экстремизм хатарҳои умумиҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ба амнияту суботи ҳар як давлат таҳдид менамояд. Ҳамзамон, ёдовар бояд шуд, ки имрӯз технологияҳои информатсионӣ, махсусан, телефони мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳаёту фаъолияти ҳар як нафар ворид гардида, ҳамчун иттилоърасон васеъ истифода мегарданд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар самти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан, ҷавонон хеле ҳушёру зирак бошанд, зеро ташкилотҳои террористию экстремистӣ бо навору роликҳои таблиғотӣ ва вайронкунандаи мафкураи ҷавонон амал намуда, онҳоро ба ҷониби худ моил мекунанд.
Сипас, подполковники милитсия Беҳрӯз Ҳусейнзода ҳозиринро ба муқовимат бар зидди терроризму экстремизм даъват намуда, дар бораи 25 ташкилот ва созмони террористӣ — экстремистӣ, ки фаъолияти онҳо бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, маълумот дод.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
вилояти Суғд,“Омӯзгор”