ОБ — МУШКИЛОТИ САЙЁРА

Тоҷикистон дар ташаббусҳои бузурги байналмилалӣ дар соҳаи об қарор дошта, дар ҳимоя ва наҷоти муъҷизаи оламу табиат-об устуворона қадам мезанад. Зеро, маҳз бо ташаббусу иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои марбут ба масоили об мақому манзалати байналхалқӣ дошта, мазмуни барҷастаро пайдо кард. Маҳз, конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об мебошад, дар давоми таваққуфи панҷоҳсола аз конфронси қаблии СММ вобаста ба масъалаҳои об матраҳ гардида, конфронси мазкур мазмуни таърихӣ пайдо намуд ва бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба муҳиммияти масъалаҳои обу иқлим дар вазъи кунунии аҳли башар ҷалб кард.
Нуктаҳои саршор аз даъвату ҳидоят ва иқдоми башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин конфронси сатҳи баргузида ва дигар маъракаҳои марбут ба он, бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро ба пайомадҳои ғайричашдошти коҳишёбии оби нӯшокӣ ва тағйирёбии иқлим дар даҳсолаҳои мозии ҳаёти башар воқиф намуда, аз тамоми давлатҳои сайёра, ташкилоту созмонҳо ва ниҳодҳои дахлдори минтақавию байналмилалӣ барои тақвият ва рушди ҳамкориҳои судманд дар ин самт даъват ба амал оварданд.
Раванди конфронси мазкур бо ташаббус ва иқдомҳои ҷолиби башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон, ҳамчунин, намоишгоҳ таҳти унвони “Таърихи рушди Тоҷикистон”, чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, чорабинии канорӣ таҳти унвони “Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об”, чорабинии канории корӣ таҳти унвони “Об моро муттаҳид месозад” диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кард. Дар ҷаласаи коршиносони сатҳи баланд ва пешвоёни Панели оид ба об ва офатҳои табиӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои сиёсии ҷаҳонӣ шинохта шуда, дар масъалаи обу иқлим дар студияи телевизионии СММ “Ҳадафҳои рушди устувор” мусоҳиба анҷом доданд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари раёсат ва иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланди Конфронси таърихии СММ-ОБ 2023, ҳамчунин, бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқоти судманд ва мубодилаи афкорро анҷом медоданд, то таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро баҳри ҳалли мушкилоти марбут ба обу иқлим бештар ҷалб созанд, тадбирҳо ва иқдомоти роҳбарони давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалиро сари вақт ҳамоҳанг созанду онҳоро ба ҳамкории фарогиру бетаъхир дар ин самт моил созанд. Зеро мушкилоти обу иқлим танҳо мушкилоти Тоҷикистон набуда, балки барои сайёра фоҷеабору фалокатовар мебошад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки бархе аз олимони асри гузашта ва муосир оид ба вазъи хатарафзои ҷуғрофии кӯли Сарез бонги хатар зада, бобати ҳифзи он ибрози ақида намуданд, ки барҷост. Имрӯзҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкории густурда баҳри ноил шудан ба пешгирии хатарҳои фалокатбори коҳишёбии манбаъҳои об, ақибнишинии пиряхҳо ва тағйирёбии босуръати иқлим бояд тадбирҳои муфид ва наҷотбахш андешад, вагарна наметавон ҷомеаи ҷаҳониро аз хатарҳои муосиру ҳазорсолаи минбаъда ва пайомадҳои фоҷиабори он эмин нигаҳ дошт.
С. ҚОБИЛОВА,
дотсенти кафедраи
сиёсатшиносии ДДҲБСТ