АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ МАҲКУМ ГАРДИД

Ҳафтаи гузашта дар маркази таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ҷавонон — зидди нашъамандӣ” бо иштироки роҳбарону аъзои маҳфилҳои фаннии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.
Директори маркази таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб Ҳайдар Ҳайдарзода гуфт, ки сафи гирифторони «беморӣ»-и нашъамандӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои минтақа ва гирду атрофи он афзудааст. Наш ъамандиро “вабои аср” унвон намуда-анд, ки бесабаб нест, зеро ҷомеаи моро ин маризӣ заиф мегардонад.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки аз тарафи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сайқал додани донишҳои назарӣ, такмил додани ихтисос ва соҳибкасб гардидани ҷавонон ғамхориҳои падарона эҳсос гардида, барои канора ҷустан аз чунин амалҳои нохушоянд ва бо мақсади нигоҳ доштани солимии ҷомеа майдончаву толорҳои варзишӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Мутаассифона, бархе аз ҷавонони мо аз чунин шароити муҳайёшуда истифода набурда, ба корҳои номатлуб, аз қабили нашъамандию нашъаҷаллобӣ, майнӯшӣ, қаллобӣ ва дигар амалҳои ношоиста даст мезананд.
Дар бахши дуюми кори конфронс вобаста ба зарари нашъа ба ҷисму ҷони инсон, пешгирии нашъамандӣ миёни ҷавонон, инчунин, фаҳмондани қонунҳои миллии кишвар, тағйиру иловаҳо ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни омӯзгорону хонандагон мубодилаи афкор доир гардид.
Шарифи АБДУЛҲАМИД,
шаҳри Кӯлоб,“Омӯзгор”