Яке аз дастовардҳои даврони Истиқлол эътирофи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масоили об дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Санаи 22-юми марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд.
Чорабинӣ таҳти раёсати Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас сурат гирифта, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Маҷористон Янош Адер, Раиси СММ-Об, Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Гилберт Ҳунгбо, сарони ҳукуматҳои як қатор кишварҳо, инчунин, коршиносони байналмилалӣ иштирок карданд. Президенти давлати мо сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд. Таъкид гардид, ки мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Греландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.
Дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати умумиҷаҳонӣ ҷойгоҳи калидӣ касб намудааст. Аз ҷумла, Сарвари давлати мо бо як қатор ташаббусҳои муфид оид ба истифодаи оқилонаи об аз минбари СММ баромад намуданд. Дар соҳаи сиёсати байналмилалии об Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъол, ташаббускор ва аз субъектҳои асосии он ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори асосии Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), ҳамчунин, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028) мебошад. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз асосгузорон ва узви фаъоли Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор ва Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии ҳоҷагии оби Осиёи Марказӣ аст. Аз ин лиҳоз, ҷумҳурии мо бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои наздисоҳилӣ бояд аз захираҳои обии дар ихтиёрдоштааш оқилона истифода намояд. Тоҷикистон дорои захираи фаровони обист ва 60 фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ, аниқтараш, 64 миллиард метри мукааб об ҳар сол дар қаламрави кишвар тавлид меёбад. Манбаи ин оби фаровон дар навбати аввал агар боришоти зиёди барфу борон дар минтақаҳои баландкӯҳ бошад, аз сӯйи дигар, пиряхҳоеанд, ки дар натиҷаи пайиҳам боридани барф ва аз сардии ҳаво ба зудӣ об нашудани онҳо дар ин минтақаҳо қомат афрохтаанд.
Қариб нисфи ҳамаи қитъаҳои пиряхии Осиёи Миёна дар ҳудуди Тоҷикистон дар баландии 3500-5300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд.
Натиҷаи кӯшишҳои роҳбарияти олии мамлакат буд, ки 14 декабри соли 2022, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Қобили зикр аст, ки дар чаҳорчӯби пешниҳодҳои болозик ри ҷониби Тоҷикистон дар соли 2025 дастгирӣ ёфтани баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе – пойтахти кишвари азизи мо аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон бозгӯи давлати пешоҳанг ва бунёдгузори ташаббусҳои созандаву фарогир будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳақиқат, баргузории конфронси мазкур метавонад барои муколамаи сатҳи байналмилалии илмӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои бартарафсозии хатарҳои обшавии пиряхҳо ва таъминоти аҳолии сайёра бо об замина фароҳам созад.
Фирӯзи СУЛТОНЗОДА,
муовини сардори раёсати ҳифзи
ҳуқуқи кӯдаки
Вазорати маориф ва
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
