СЕ МОҲИ ПУРБОР

10-уми апрели соли ҷорӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ваилми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назоратдар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти агентӣ дар се моҳи аввали соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дарҷаласа директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, намояндагони шурои ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, васоити ахбори омма, сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм иштирок доштанд.
Дар ҷаласа нахуст директори агентӣ Икром Субҳонзода оид ба фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2023 сухан карда, вазъи ҷалби омӯзгорони ботаҷриба ба муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, самти фаъолияти корҳои илмию тадқиқотӣ дар муассисаҳои олии касбӣ, мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ, нақшаи қабул дар муассисаҳои таълимӣ дар зинаи бакалавр ва магистратура, мутобиқати муассисаҳои таълимӣ ба меъёрҳои муайянкунандаи соҳаи маориф ва илм, назорати иҷрои барномаҳои таълимӣ, бандҳои нақшаи чорабиниҳо ва фаъолияти китобхонаҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва фаъолияти семоҳаи аввали соли 2023 дар раёсату шуъбаҳои агентиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва вазифаҳоро барои семоҳаи оянда муайян намуд. Дар давоми семоҳаи аввали соли 2023 дар агентӣ 4 бор ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор карда шуд, ки дар он 394 масъала, аз ҷумла, 245 масъала оид ба натиҷаи аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ, 63 масъала оид ба натиҷаи аккредитатсияи давлатӣ, 74 масъала оид ба иҷозатномадиҳӣ, 6 масъала оид ба натиҷаи санҷиши сатҳу сифати таълим ва 2 масъала оид ба ташхиси иҷозатномадиҳӣ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва 4 масъалаи дигар самт баррасӣ гардида, қарорҳои зарурӣ қабул карда шуд.
Дар қисмати музокираҳо суханронии Довуд Ализода – сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм, Саломиддин Юсуфӣ – сардори раёсати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Дилафрӯз Саидӣ– муовини раиси шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муовини сардори раёсати маорифи ВМКБ шунида шуда шуд. Дар музокираҳо фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Салима МӮСОЕВА,
«Омӯзгор»