ХУРШЕДИ ДУРАХШОНИ ШАРҚ

Таърихи шаҳри Душанбе ҷолибу рангину пурмуҳтавост. То соли 1924 он деҳаи хурде беш набуд, вале бо таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон машҳуру вирди забонҳо гашт, пойтахти ин ҷумҳурӣ таъйин шуд. Бо ташкили ҷумҳурии мустақили тоҷикон дар ҳайати ИҶШС мақому эътибори Душанбе боз ҳам бештар гардид. Он давра ба давра доман густард, ободу зебо шуд, шукӯҳу шаҳомат ёфт. Дар шаҳр пайи ҳам биноҳои назаррабою хуштарҳи маъмурию иқоматӣ қомат афрохтанд, боғу фароғатгоҳҳои дилрабо бунёд ёфтанд, варзишгоҳҳо, бемористонҳо, марказҳои бузурги савдо,хиёбонҳои гулафшону чароғон… сохта шуданд. Бо ин ҳама, муҳимтарину пурбортарин марҳалаи рушди шаҳри Душанбе баъди ба Истиқлоли давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Акнун беш аз сӣ сол мешавад, ки ҷаҳониён ин зебошаҳрро чун пойтахти давлати мустақил мешиносанду эътироф мекунанд. Дар заминаи сиёсати ватандӯстонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Душанбе босуръат рушд ёфту чеҳра тағйир дод ва хеле зебову дилрабо гашт. Ин ҷо миқдори зиёди биноҳои баландошёна, марказҳои бузурги истироҳатию варзишӣ, осорхонаву театрҳо, пайкараҳову кохҳо бунёд карда шуданд, идораву созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо ба фаъолият шуруъ карданд.
Дар пойтахти тоҷикон ҳамасола ҳамоишу конфронсҳо ва мулоқотҳои сатҳи ҷаҳонӣ баргузор мешаванд, мусобиқоти бонуфузи байналмилалии варзишӣ сурат мегиранд. Корхонаҳои саноатии шаҳр аҳсулоти хушсифату созгор ба меъёрҳои ҷаҳонӣ истеҳсол менамоянд, ки қисме аз он ба хориҷи кишвар содир мешавад. Дар шаҳр соҳаи маориф рушди бесобиқа ёфтааст ва ин ҷо теъдоди зиёди кӯдакистонҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею коллеҷҳо ва мактабҳои олӣ фаъолият доранд ва ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти навтарини соҳаи таълиму тарбия муҷаҳҳазанд.
Душанбе бо арҷгузориҳояш ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, бо баландтарин манораи Парчами давлатияш ифтихор дорад. Пойтахти Ватани маҳбуби мо бо якчанд шаҳри бонуфузи мамлакатҳои хориҷӣ бародаршаҳр асту бо онҳо робитаи ҳамешагӣ ба роҳ мондааст.
Муҳимтар аз ҳама, ҷаҳониён имрӯз Душанбеи нозанинро ҳамчун шаҳри амну амонӣ ва ошёни сулҳу ваҳдат эътироф кардаанд ва пойтахти тоҷикон ба макони писандидаи сайёҳони хориҷӣ табдил ёфтааст. Байти машҳури устод Боқӣ Раҳимзода дар ситоиши шаҳри Душанбе дар замони Истиқлол бештар мувофиқу самимӣ ва асосманд садо медиҳад:
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе!
Хуршеди дурахшони Шарқро мемонад имрӯз пойтахти тоҷикон – Душанбеи ҳамешаҷавон!