ШУМОРАИ №15-и «ОМӮЗГОР»

Шумораи навбатии ҳафтаномаи «Омӯзгор», (№15, аз 13 апрели соли 2023) бо гузориши мухтасар таҳти унвони «Хурдеши дурахшони Шарқ» оид ба таърихи ҷолибу рангину пурмуҳтавои шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи пойтахт оғоз гаштааст.
Таълиму тарбияи хонандагон, пеш аз ҳама, ба воситаи дарс ба роҳ монда мешавад. Аз ин рӯ, ҳар омӯзгорро мебояд, ки ба дарс ба таври ҷиддӣ ва бо масъулияти комил омода шавад. Майгуна Эвазова, омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №54­и шаҳри Ҳисор андешаҳои хешро доир ба фаъолият ва мавқеи омӯзгор дар ҷараёни дарс ва масъулияти ӯ зимни омодагӣ ба дарс зери номи «Меҳвари фаъолияти омӯзгор» баён кардааст. Дар саҳифаҳои дуюму сеюми ҳафтанома матолиби хонданӣ бо номҳои «Шоҳасари миллат» (муаллиф Ӯғулой Бобоҷонова), «Хидмат ба Ватан мардонагист» (муаллиф Тоҳир Назарзода), «Дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир» (муаллиф Ситора Паллаева) ва «Таълиму тарбия ҳамбастаанд» (муаллиф Худойдод Алиев) рӯи чоп омадааст.
Дар саҳифаи чоруму панҷуми ҳафтанома зери рубрикаҳои «Хештаншиносӣ» ва «Пешгирӣ» мақолаҳое ба нашр расидааст, ки дар онҳо оид ба мавзуъҳои ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, огоҳ шудан аз хатари гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгаро, зуҳуроти номатлуби замони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, ки онро «вабои аср» гуфтаанд, маълумот дода шудааст. Дар саҳифаҳои шашум ва ҳафтуми ҳафтанома ба ифтихори 145-солагии устод Садриддин Айнӣ бо номи «Устод Садриддин Айнӣ падидаи таърихист» мусоҳибаи корманди ҳафтанома Шодӣ Раҷабзод бо адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдураҳмон Абудуманнонов ба чоп расидааст.
Дар саҳифаҳои ҳаштуму нуҳуми ҳафтанома зери рубрикаҳои «Мушовара» ва «Файзи истиқлол» матолибе ба табъ расидаанд, ки инъикосгари навгониҳои соҳаи маорифи ҷумҳурианд. Аз ҷумла, дар гузориши корманди Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Аҳмадшоҳи Масъуд «Сатҳу сифати таҳсилотро такмил бояд дод» ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти вазорат дар се моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Дар саҳифаҳои даҳ ва ёздаҳи ҳафтанома зери рубрикаи «Фурӯғи дониш» мусоҳибаи муҳаррири ҳафтанома Ҳотами Ҳомид бо номи «Неруи тавоно ва пешбари ҷомеа» бо президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расидааст, ки аз фаъолияти АМИТ дар солҳои Истиқлоли давлатӣ маълумот медиҳад. Дар саҳифаи ёздаҳ навиштаи ассистенти кафедраи фанҳои табиию риёзии коллеҷи технологии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон Ақлимо Муминшоева бо номи «Қуфлкушои ҳама дарҳо» ва навиштаи омӯзгори физикаи мактаби №8-и ноҳияи Шаҳринав Фирӯза Асфияева бо номи «Физика ва зарбулмасал» рӯи чоп омадааст.
Нашрияи «Омӯзгор» бахшида ба мавзуъҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа озмунҳо эълон кардааст, ки вобаста ба онҳо дар ҳар шумора таҳти унвони «Тоҷикистон диданист!», «Дарси муосир: маҳорат, малака ва таҷриба», «Тоҷикистон – сарзамини пиряхҳо», «Омӯзгор — машъалафрӯзи ҷомеа» навиштаҳои хонанадагон чоп мешаванд. Дар шумораи навбатӣ зери рубрикаҳои «Тоҷикистон сарзамини пиряхҳо», ««Омӯзгор — машъалафрӯзи ҷомеа» навиштаи озмунии муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯзи Султонзода бо номи «Ташаббусҳои ҷаҳонӣ» ва навиштаи омӯзгори калони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Зайнура Юсуфова бо номи «Ғамхорӣ нисбат ба имрӯзу фардои олам» ва навиштаи Суҳроби Ваҳҳобниё, директори мактаби №13-и деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод, ба нашр расидааст.
Ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар ҳар шумораи хеш фикру андешаҳои омӯзгорони пешқадамро бо мақсади тақвият бахшидани сифат ва самаранокии таълиму тарбия ба нашр мерасонад ва минбаъд низ фаъолияташро вусъат бахшида, матолибу навиштаҳои судмандро рӯи чоп хоҳад овард.
Навбатдори шумора
Сайфиддин МУРОДОВ,
«Омӯзгор»