Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ба ифтихори Рӯзи ханда (1 апрел) базми адабӣ бо номи «Лабонатон пурханда бод!» баргузор гашт. Ректори донишкада, профессор Муҳриддин Низомӣ базмро оғоз бахшида, иброз дошт, ки 1 апрел ҳамчун Рӯзи ханда таърихи ҷолиб дорад ва пеш аз ҳама, ҳидоятест барои бо хурсандию хушдилӣ ва ҳамдамию рафоқат зистан. Дар базми ханда адиб ва рӯзноманигор, ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» Абдурауф Муродӣ, ҳунармандони маъруф, ҳаҷвнигорон Ҷамшеди Ҳалим, Саид Нурбоев, Абдусамад Наботов, Дӯстмурод Шарифов, Ҳасани Чилла, ҳунарпешагони гурӯҳи «Шакарханд» (бобои Мерган ва Зафарҷон) иштирок ва суханронию саҳнаороӣ карданд. Сурудхонию латифагӯӣ, тақлидкорию базлагӯиҳои гурӯҳи донишҷӯёни донишкада базмро боз ҳам хандарезтару хотирмон намуд.
Базми ханда ҳамагонро бештар фараҳманду болидахотир кард ва писанди дилҳо гашт.
Коргардони ин базм Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов чун ҳамеша тавонистааст барномаи фарогиру муҳтавомандеро таҳия ва пешкаш намояд.
С. Абдулвоҳид,
«Омӯзгор»