2 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар маросими ифтитоҳи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз ёфт.
Фестивали мазкур, ки ба ифтихори 145-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ баргузор мегардад, то 9 апрел идома хоҳад ёфт.
М. Дилдода,
«Омӯзгор»