Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҷараёни таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ собиқадорони меҳнат ва махсусан, соҳаи маорифро аёдат намуданд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа Мамаданбар Давлатқадамзода ба собиқадорони маориф баробари кумаки ғизоӣ китоби аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» — ро тақдим намуд.
Собиқадори маориф Мирдавлат Абдулвобов гуфт, ки зимни таҳсил дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ китоби аллома Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» — ро танҳо дар китобхонаи ба номи Фирдавсӣ пайдо карда, мутолиа намудаем. Имрӯз бо ташаббуси ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон» — ро дар ҳар як хонадони тоҷик хушбахтона, дидан мумкин аст ва аз рӯи он озмуни умумиҷумҳуриявӣ ҳам баргузор мегардад.
Ҷ. Қозибеков