АДАБИЁТ ТАЪРИХРО ҲАМ ДАР БАР МЕГИРАД

Мақсади омӯзгор таълим додан, тарбия кардани шогирд, инкишоф додани тафаккур, фарҳанг, ташаккули мафҳумҳои ахлоқӣ ва шахсияти аз ҷиҳати маънавӣ ғанӣ дар хонанда мебошад. Баҳри ноил гардидан ба мақсадҳои хеш омӯзгорро зарур аст, ки аз ҳаёт ва фаъолияти шахсони барӯманд, нексиришт, хушахлоқ ва бомаърифат истифода намояд.
Маҳз дар омӯзиши фанни адабиёт ин раванд хеле бештар татбиқ мешавад. Адабиёт яке аз фанҳои асосӣ буда, чанд қисматро дар бар мегирад. Муаллим бояд хонандагонро бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ба олами асари бадеӣ, малакаи хониш, таълим додани мушоҳида ва робитаи падидаҳои ҳаёт бо диди худи хонанда ва дарки моҳияти ҳодисаи рухдода ва ниҳоят, омода кардани хонанда ба дарки он, дарёфти дониши мукаммал дар бораи ҳаёт ва ҷаҳон ҳидоят намояд. Ба ин васила, дар рафти омӯзиши фанни адабиёти тоҷик хонандагон на танҳо аз ҳаёт, фаъолият ва осори адабии шоиру нависандагон, балки аз таъриху тамаддуни миллат тоҷик низ бохабар мегарданд. Дар омӯзиши ин фан дар як марҳала ду фан омӯхта мешавад, ки бо гирифтани маълумот аз ҳаёт ва фаъолияти шоирону нависандагони бузурги тоҷик (чӣ тавр мушкилотро паси сар намуда, ба қуллаҳои баланд расиданд) хонандаро водор месозад, ки аз мушкилот наҳаросида, бо дарки баланди масъулияти ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба мақсадҳои хеш бирасад ва дар рушду нумуи оила, давлат ва миллат саҳмгузор бошад.
Агар таърих оинаи миллат бошад, адабиёт равшанидиҳандаи он аст.

Хайринисо Миралиева,
омӯзгори забон ва адабиёти
МТМУ №64, ноҳияи Рӯдакӣ