Инъикоси масоили муҳим дар шумораи тозаи «Омӯзгор»

Дар шумораи навбатии нашрияи Вазорати маориф ва илми кишвар «Омӯзгор» (№ 13, 30 марти соли 2023) матолибу мақолаҳои гуногуне, ки масоили сиёсию иҷтимоӣ ва навгониҳои соҳаи маорифро дар бар гирифтаанд, ба табъ расидааст. Саҳифаи аввали ҳафтанома Паёмҳои шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз ва ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазонро инъикос намудааст, ки ҷанбаи ибратбахшу омӯзанда доранд. Дар саҳифаҳои дуюм, сеюм, чаҳорум гузориши фишурда аз ҷараёни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йори ИМА (22-24 марти соли 2023) таҳти унвони «Нуфузи байналмилалии Тоҷикистон меафзояд» ва ҳамчунин, мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ, ки дар он Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд суоли хабарнигори телевизиони СММ Шакунтала Санзиран перомуни ҳаллу фасли масъалаҳои об ва ташаббусҳои байналмилалии раҳбарияти олии Тоҷикистон бобати баррасию татбиқи мушкилоти норасоии об ва обшавии босуръати пиряҳо ва ғайра ҷой дода шудаанд. Саҳифаи панҷ ва шашуми нашрия зери унвони «Паёми навин» хабару гузоришҳои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар хусуси сафарҳои вазири соҳа Раҳим Саидзода ба ноҳияи Кӯшониён (бо номҳои «Аёдати собиқадорони маориф» ва «Марказҳои саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ дар ноҳияи Кӯшониён»), инчунин, ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баъди зарари офати табиӣ ва хисорот ба муассисаҳои таълимии ноҳия инъикос намудааст. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар саҳифаи шашуми ҳафтанома номаи сипоси омӯзгори МТМУ-и №26, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба вазири маориф ва илм ҷой дода шудааст, ки миннатдории аҳли маориф ва хоса, омӯзгорону устодони муассисаи таълимии номбурда ба вазири маориф ва илм дар масъалаи ташрифи ӯ ба таълимгоҳи номбурда ва шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар ин муассисаи таълимӣ ба табъ расидааст. Саҳифаи ҳафти нашрия мақолаҳои «Супоришҳо ба масъулин», «Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳамагон» (навиштаи омӯзгори МТМУ №15-и ноҳияи Айнӣ Маҳфиза Мукаррамова) ва таҳти унвони «Мушкилкушову раҳнамо» мулоҳизаҳои устоди литсейи №2 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Муҳаммадраҳим Тошпӯлодовро дар бораи китоби нависанда ва рӯзноманигор, корманди нашрияи «Омӯзгор» Абдурауф Муродӣ бо номи «Ҳамосаи китоб» дар бар гирифтааст. Саҳифаҳои 8-ро матолиби рангину пурмуҳтаво дар хусуси таҷлили фарогирии иди Наврӯз зеб додааст. Мақолаҳои  Ҷ.Улфатшоҳ, мухбири «Омӯзгор»,  Фурӯзанда Ҳусейнова, донишҷӯи курси 2, факултети журналистикаи ДМТ ва Ҳамза Давлатов, донишҷӯи Академияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон атрофи ҷанбаҳои мухталифи ин иди ниёгон баҳс мекунанд. Саҳифаи 9 «Таълим ва тарбия» номгузорӣ шуда, мақолаҳои пурмуҳтавоеро, аз қабили «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим», «Меҳри Ватан» ва «Нурафшон» Нурбахш аст» дар бар гирифтааст, ки ҳамагӣ хонданию шавқоваранд. Инъикоси масоили идеологӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва эҳсоси волои ватандӯстӣ дар саҳифаи 10 ба мушоҳида мерасад. Дар мақолаи корманди нашрия Ҳотами Ҳомид «Ба гирдоби бало наафтем» ва «Забони тоҷикӣ рушд мекунад» (муаллифон Мирзоқодир Қодирзода, Мирзоалӣ Бобоев) мавзуи мубориза бо терроризму ифротгаройӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тундгарою ифротӣ, инчунин, нақши мондагори забони тоҷикиро дар рушду такомули фарҳангу маънавиёти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Мақолаи муҳтавоманду доманадори мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ДТТ, номзади илми фалсафа Исомиддин Шарифов – «Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор» («Ёде аз аввалин занони омӯзгор, ки ҷиҳати бедории аҳли ҷомеа ба дасти таассубзадагон ба ҳалокат расиданд») ба навиштаи Ҳ.Ҳомид ҳамоҳангии мантиқӣ дошта, руҷуи муфассали муаллиф ба даҳшату фоҷиаҳои солҳои 20-30, ки  дар минтақаи Рашти кишвар рух дода буданд, маҳсуб меёбад. Қатли муаллимаҳои фидоӣ Маълумбибӣ, Чилабибӣ ва Оламбибӣ, инчунин, ба ҳалокат расондани аввалин муаллимаи рус Тамара дарунмояи навиштаи И.Шарифовро дар бар гирифта, ҳушдору огоҳии ҷиддиест ҷиҳати роҳ надодан ба неруҳои хурофотию таассубзада ва амалӣ гардидани аҳдофи асримиёнагии онҳо. Мақолаи омӯзгори МТМУ №26-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мактабшиноси ҳирфаӣ Мирзоалӣ Содиқов – «Дарси муосир – тақозои замон» яке аз навиштаҳои беҳтарини шумора ба шумор  меравад, ки мутолиаи  он барои омӯзгорону устодон хеле зарур  ва омӯзанда мебошад. Дар саҳифаи 15 мақолаи корманди ҳафтанома Шодӣ Раҷабзод таҳти унвони «Ҳамдами аҳли маориф», ки ба фаъолияти ватандӯстонаи соҳибкор аз шаҳри Ҳисор, шодравон Асадулло Алиев бахшида шудааст, ҷой дода шудааст. Чунин афроди меҳанпарвар, ки дар бунёди бинои кӯдакистону таълимгоҳҳо нақши мондагор гузоштаанд, дар кишвар зиёданд. Ва месазад, ки чун адибон Мирзо Шукурзода ва Абдурауф Муродӣ бобати хидмати онҳо китобҳои алоҳида таълиф кард (Манзур китоби «Рӯзгори файзбор»-и ин муаллифон мебошад, ки ба корномаи А.Алиев бахшида шудааст). Ва ниҳоят, саҳифаи 16-и нашрия эълонҳо ва ҳамчунин, ёдбудеро дар бораи академики шодравон Убайд Зубайдов дар бар гирифтааст.
Дар умум, шумораи нави нашрияи «Омӯзгори фарогир, пурмазмуну рангин ва ҷолибу хонданӣ мебошад.

                                             

Навбатдори шумора:   Ш.Раҷабзод