ДАРҲОИ КУШОД

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.
2000 хатмкунанда ҳамроҳ бо устодони худ аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия, шароити таҳсил, имконоту, ихтисосҳо ва факултетҳои донишгоҳ дар Рӯзи дарҳои кушод иштироки фаъолона намуданд.
Хатмкунандагон аз дасто-вардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва дарсҳои намунавии устодон дидан карда, бо шароиту имконоти Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ ошно шуданд.
Хатмкунандагони ноҳияҳои дурдасти вилоят ва шаҳри Душанбеву ноҳияҳои вилояти Хатлон тариқи онлайн дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.