СИНФХОНАИ ИННОВАТСИОНӢ

Ба Рӯзи дарҳои кушоди Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд зиёда аз 1200 нафар хатмкунанда ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ омада, бо шароити таҳсил, рафти машғулиятҳо, лабораторияҳои таълимӣ, марказҳои забономӯзӣ, байналмилалӣ, соҳибкорӣ, синфхонаи таълимии махсуси бонкӣ, веб-студияи сабти машғулиятҳои онлайнӣ, китобхона, синфхонаҳои компютерӣ ва имконоти таҳсил дар хориҷи кишвар тавассути барномаҳои байналмилалии амалкунанда аз наздик ошно шуданд.
Инчунин, хатмкунандагон бевосита тариқи онлайн дар Маркази байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонӣ бо донишҷӯёни донишкада, ки айни ҳол дар донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо таҳсил доранд, дар тамос шуда, саволу ҷавоб анҷом доданд.
Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”