ТАШРИФИ МЕҲМОНОН ВА МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ БА НОМИ «МАХДУМҚУЛӢ»

Имрӯз, меҳмонон муовини Раиси Девони вазирон — вазири корҳои хориҷии Туркменистон Мередов Рашид Овезгелдиевич ва сафири Туркменистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Дӯстӣ ташриф оварданд,ки онҳоро муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, раиси ноҳияи мазкур ва дигар масъулон ҳамроҳӣ карданд. Онҳо аз мавзеъи сохтмони муассисаи таълимии ба номи «Махдумқулӣ» боздид намуда, дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ иштирок карданд. Инчунин, бо сокинон ва фаъолонаи ноҳия мулоқот баргузор карда шуд. Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва муовини Раиси Девори вазирон — вазири корҳои хориҷии Туркменистон Мередов Рашид Овезгелдиевич дар бораи риштаи дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркменистон ҳарф заданд.
Иттилоъ дода шуд,ки дар ноҳияи Дӯстӣ 5 муассисаи таълимӣ бо забонҳои ӯзбекӣ ва туркменӣ фаъолият доранд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 251 нафар омӯзгорони туркмензабон кор мекунанд.
Муаррифии лоиҳаи ангоравии сохтмони муассисаи таълимӣ баргузор карда шуд.
Ёдовар мешавем,ки тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркменистон аз 2 ноябри соли 2017 «Дар бораи сохтмони бинои (маҷмааи биноҳо) мактаби маҳсулоти миёнаи умумии ба номи Махдумқулӣ дар хоҷагии ба номи Эргаш Султонови ноҳияи Ҷиликӯл» дар деҳаи Ғалабаи ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл корҳои омодагӣ ба сохтмони муассисаи таълимии нав рафта истодааст.
Барои сохтмони муассисаи таълимии мазкур дар суроғаи замин иборат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи замин иборат аз 3 га ҷудо шуда, ҳуҷҷатгузории ба расмият дароварда шудааст.
Президенти Туркменистон Сардор Бердимуҳаммедов бо қабул намудани қарор ба Сафорати Туркменистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст,ки бо ширкати сохтмонӣ барои сохтмони муассисаи таълимии ба номи Махдумқулӣ қарордод бандад.
Гуфта шуд,ки бино иборат аз 2 ошёна барои 540 ҷойи нишаст дар як баст сохта мешавад. Барои сохтмони бино 8 350 000 доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз тарафи ширкати сохтмонии мазкур пеш бурда хоҳад шуд. Ифтитоҳи муассисаи таълимии номбурда дар соли 2024 пешбинӣ гардидааст.
Дар қимати охир, қайд гардид,ки бунёди муассисаи таълимии мазкур нишонаи дӯстиву ҳамкории зичи Тоҷикистон ва Туркменистон буда, иттиҳодиро мустаҳкамтар хоҳад кард. Дар дӯстиву рафоқати мардуми тоҷику туркмен таъсири мусбат мерасонад.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон