Ба хокии малакбунён, ба модар арҷ бигзоред,
Ба инси бартар аз инсон, ба модар арҷ бигзоред.
Ба ҳаққи шири испедаш, ки моро шираи ҷон шуд
В-аз он морост ширин ҷон, ба модар арҷ бигзоред.
Нахуфта сер, хонд алла барои хоби сери мо
Сари гаҳвораи ҷунбон, ба модар арҷ бигзоред.
Нахӯрду хӯрданимон дод, аз абнои башар як ӯст
Сахову марҳаматро кон, ба модар арҷ бигзоред.
Ҳаёти мо бувад пурнур аз он чашмон, ки нураш кост,
Ба поси нури он чашмон, ба модар арҷ бигзоред.
Замин бӯсед пеши ӯ ба поси хоксорияш,
Раҳаш рӯбед бо мижгон, ба модар арҷ бигзоред.
Агар ҷурме бикардедаш, зи кулли ҷурмҳои умр
Гаронвазн аст садчандон, ба модар арҷ бигзоред.
Надорад ҷурматон бахшиш, ба по бинҳедаш ар ҳатто
Ҳама аҷроми ин Кайҳон, ба модар арҷ бигзоред.
Салими Зарафшонфар