Рӯзи байналхалқии бонувон, ки ҳамасола 8 — уми март таҷлил карда мешавад, дар худ басо силсилаи таърихро нигоҳ медорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллии дифоъ аз ҳуқуқу уҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.
Ба андешаи бархе аз коршиносон, иди байналхалқии бонувон аз дастовардҳои мубориза ва ҳаракати занон барои дифоъ аз ҳуқуқҳои хеш мебошад, зеро, агар Иди Ғалаба муқаддас ва муҳим эътироф шуда бошад ва дар ин замина иди якдилии байналхалқии меҳнаткашон низ ҷашн гирифта мешавад, бояд иди бонувон низ дар ҳамин радиф қарор бигирад, зеро рӯзи байналхалқии занон дар оғоз рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. Рӯзи бонувон иди баҳору зебоӣ буда, ҳамзамон ҷашни таърихӣ ва сиёсист.
Аз ин рӯ, 8 март эътироф аз гулу туҳфа ва ҷашнвораҳо набуда, эътирофи зан ҳамчун инсон, эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳам овардани имконоти баробар ба ӯст.
Дар баҳорон иди модар мешавад,
Дидаву дилҳо мунаввар мешавад.
Ҳусни нотакрори фасли навбаҳор
Бо нигоҳи зан баробар мешавад.
Аз фурӯғи чашми модарҳои мо
Тоҷикистон ҳамчу ахтар мешавад.
Аз ҳамин модар ба дунё раҳнамо
Бас бузургони диловар мешавад.
Баҳри фарзанд олами бахти баланд
Бо дуои дасти модар мешавад.
Дар раҳи тасвири ҳусни модарон
Ҷумла фарзандаш суханвар мешавад.
Ҷ. Мӯсоев,
сардори бахши илм ва муносибатҳои байналмилалӣ,
А. Ҳафизов,
мутахасиси бахши илм ва муносибатҳои байналмиллалии
коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар