Шумораи идонаи рангин

Шумораи навбатии нашрияи «Омӯзгор» (№10, 7 марти соли 2023) аз чоп баромад, ки дар саҳифаи аввали он суханони пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рисолату нақши нотакрори Зан-Модар дар зиндагӣ ва ҷомеа ҷой дода шудааст.
Ин суханон самимию ҳикматомез буда, шукӯҳу шаҳомат ва хисоли накую ҳамидаи зан дар онҳо таҷассум ёфтаанд. Шеъри шоири шинохта Салими Зарафшонфар таҳти унвони «Ба модар арҷ бигзоред!» саҳифаи мазкурро зеб додааст. Дар ин шеъри воло, ки ситоишномаи Зан-Модар аст. аз ҷумла, омадааст:
Ба ҳаққи шири испедаш, ки моро шираи ҷон шуд,
В-аз он морост шири ҷон, ба модар арҷ бигзоред.
Нахуфта сер, хонд алла барои хоби сери мо
Сари гаҳвораи ҷунбон, ба модар арҷ бигзоред.
Дар саҳифаи дуюми ҳафтанома ахбори тоза аз фаъолият ва навигариҳои Вазорати маориф ва илм пешкаши хонандагон гардидааст. Дар ин саҳифа, зимнан, дар хабаре бо номи «Таътили баҳорӣ» омадааст, ки таътили баҳории хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 5 рӯз ихтисор мешавад, зеро ба сабаби сардиҳои шадид хонандагон дар зимистони соли равон аз муҳлати муқаррарӣ 8 рӯз бештар истироҳат карданд.
Дар саҳифаи 3-и нашрия паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ифтихори Рӯзи Модар ҷой дода шудааст. Дар паёми табрикӣ, аз ҷумла, зикр шудааст:
«Дар фаъолияти тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ то мактабҳои олӣ занон нақши муассир доранд ва ҳамвора бар он мекӯшанд, ки наврасону ҷавонон – ояндасозони миллат хушодобу нексиришт ва соҳибхирад бошанд».
Дар ҳамин саҳифа аз ташрифи меҳмонони баландпоя аз Федератсияи Россия – Раиси Ҳукумати ин мамлакат Михаил Мишустин, ки ӯро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода ба муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия – Тоҷикистон «Мактаби миёнаи умумӣ барои фанҳои алоҳидаи ба номи Юрий Гагарин» дар Душанбе ҳамроҳӣ мекарданд, хабар дода шудааст. Сафари вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ба ноҳияи Нуробод дар саҳифаи дуюми нашрия бо муҳтавои худ ҷолиб буда, ҳамзамон, дар бораи қабули шаҳрвандон аз ҷониби вазир дар он сухан меравад. Дар саҳифаи чоруми ҳафтанома гузориши Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ ба табъ расидааст, ки дар хусуси оғози марҳалаи бақайдгирии довталабон аз 1-уми март ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ, ки дар 59 шаҳру ноҳияи кишвар ба роҳ монда мешавад, ба табъ расидааст.
Мақолаи таҳлилии рӯзноманигор ва нависанда Шодӣ Раҷабзод бо номи «Муборизаи беамон бо терроризм» ҳуснбахши саҳифаи панҷуми нашрия мебошад, ки дар он ҷанбаҳои сиёсии ба миён омадани ҳизбу ҳаракатҳои тундгарою ифротӣ бо мисолу далелҳо шарҳу тафсир ёфтааст. Дар саҳифаи 6, ки ба илмҳои дақиқ бахшида шудааст, матолиби хондании Ҷ.Ҷалолзода, омӯзгори МТМУ №84-и шаҳри Ҳисор – «Асрори Маҳу Хуршеду фалак», омӯзгори МТМУ №1-и ноҳияи Ёвон Бунафша Қаландарова «Омӯзиши иловагии математика» ва «Таваҷҷуҳ ба сифати таълим»-и И.Қодирӣ аз ноҳияи Кӯшониён чоп шудаанд. Саҳифаи 7-ро мақолаи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов Шодӣ Сафаров бо номи «Бонувони варзишгари тоҷик» шукӯҳ бахшидааст. Саҳифаҳои 8-9-и ҳафтанома маводу мақолаҳои ҷолибро доир ба Рӯзи Модар дар бар гирифтааст. Матолиби саҳифаи 10 ба Иди матбуот бахшида шудааст. Навиштаҳои адабиётшинос А.Набавӣ – «Инъикоси маориф ва маънавият дар «Бухорои Шариф» ва назарпурсии корманди нашрия Ш.Раҷабзод таҳти унвони «Омӯзгор» — ҳамдаму маслиҳатгари беғарази мо» дар саҳифаи 10-и ҳафтанома ҷой дода шудаанд. Дар саҳифаи 11 мақолаҳои С.Эркаев аз ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва рӯзноманигор Ҷӯрабек Муъмин аз ноҳияи Файзобод доир ба Иди матбуот ба табъ расидаанд. Саҳифаҳои 12-13-14 ба чеҳраҳои саршиноси соҳаи маориф, устодону омӯзгорони макотиби олӣ ва миёна бахшида шудааст. Дар саҳифаи 14 ҳикояи нависанда Абдурауф Муродӣ – «Ниҳолаки модарам» чоп шудааст, ки пурмуҳтаво, ҷолиб ва шавқовару ибратомӯз мебошад. «Гулистони сухан» — саҳифаи 15-и ҳафтаномаро ҳикояи ҳаҷвии Ҳаким Замир – «Ин хона қашанг аст» ва силсиларубоию дубайтиҳои омӯзгор Бунафша Ғаниева дар бар гирифтааст, ки аз мутолиаи онҳо омӯзгорону устодон лаззати маънавӣ хоҳанд бардошт. Саҳифаи 16 эълони озмунҳои нашрияро фаро гирифтааст.
Шумораи навбатии ҳафтанома бо муҳтавою мавзуоти худ ҷаззоб, шавқовар ва хонданист.

Навбатдор: А.Муродӣ