Дар ин мақола ният дорем, ки саҳифаҳои рӯзгор ва фаъолияти пажуҳишгари илми инсонпарварӣ, шахсияти бонангу ор, дӯстдори касбу пешаи хеш, омӯзгори асил, доктори илмҳои педагогика, профессор, мудири шуъбаи педагогика ва таҳсилоти муосири Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Файзимад Гулмадовро варақгардон кунем.
Ин донишманд бо осори гаронбаҳои илмӣ, фаъолияту таълифот, суханрониҳои илмӣ, рафтору кирдор, пиндори неки хеш дар ҷомеаи муосир ва дар дилу дидаи аҳли маорифи мамлакат мавқеъ ва манзилати хосе пайдо кардааст.
Файзимад Гулмадов дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Пас аз тарбияву ба камол расиданаш дар канори падару модар ва фаро гирифтани илму дониш аз омӯзгорон соли 1969 мактаб-ро хатм намуда, ҳамон сол ба сафи донишҷӯёни ихтисоси педагогика ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дохил мешавад. Файзимад Гулмадов аз соли 1975 то соли 1979 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Норак ва ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ тибқи ихтисоси фарогирифтааш ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият менамояд. Ҳар қадар ки ӯ дар самти таълими хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба таълиму тарбияи кӯдакон бештар машғул мегардад, ҳамон қадар меҳри пажуҳиш дар дилаш афзун мегардад. Бино бар ин, ӯ соли 1972 барои анҷом додани корҳои илмӣ ва иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ роҳ ба сӯйи пойтахти кишвар гирифта, ба ҳайси ходими хурди илмии шуъбаи педагогикаи Институти таҳқиқотии илмии илмҳои педагогии Тоҷикистон (ҳоло Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдурраҳмони Ҷомӣ) ба фаъолият шуруъ мекунад. Пас аз се соли фаъолият ва то андозае ба ҷодаи илм ворид шудан барои таълифи рисолаи илмӣ Ф. Гулмадов ба шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (собиқ Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко) пазируфта мешавад.
Азбаски шуроҳои диссер-татсионӣ вобаста ба мавзуи кори таҳқиқии унвонҷӯ дар Тоҷикистон набуд, ӯ барои дифои рисолаи илмии худ ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илми педагогика роҳи шаҳри Қазони Федератсияи Россияро пеш гирифта, рисолаашро дар мавзуи “Ташаккули донишҳои ахлоқӣ ва рафтори мактаббачагони хурдсол дар фаъолияти коллективона” (соли 1987) бомуваффақият ҳимоя менамояд.
Пас аз сазовор гардидан ба дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогика ӯро ба ҳайси мутахассиси варзида ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ мефиристанд. Ин донишгоҳ, ки дари илму дониш ва заҳматҳои кори пажуҳиширо ба рӯйи Файзимад Гулмадов дар овони ҷавонӣ боз карда буд, барояш хеле азиз маҳсуб мешуд. Дар ин муассисаи таълимӣ Файзимад Гулмадов муддати 10 сол ба ҳайси омӯзгори калон, дотсенти кафедраи педагогика ва психология, муовини декани факултети педагогика оид ба корҳои тарбия фаъолият карда, дар рушду нумуи донишгоҳ ва таълиму тарбияи мутахассисон саҳму нақши боризе мегузорад.
Агар ба саҳифаҳои рӯзгори устод бо дидаи таҳқиқ назар кунем, дармеёбем, ки ӯ аз соли 2001 то соли 2014 дар яке аз ниҳодҳои хеле муҳимми соҳаи маориф ва илми кишвар — Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (Ҳоло Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) фаъолият намудааст.
Файзимад Гулмадов соли 2016 корҳои илмӣ ва ковишҳои илмии худро ба анҷом расонида, рисолаи илмияшро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогика дар мавзуи “Теоретические основы формирования духовно -нравественных убеждений учащихся начальных классов” дифоъ менамояд.
Дар маҷмуъ, пажуҳишҳо ва рисолаҳои илмии ин донишманд чун “Ҳамгироии ташаккули донишҳои ахлоқӣ ва рафтори мактаббачагони хурдсол” (2014), “Ташаккули донишҳои ахлоқӣ ва рафтори хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар муҳити мактаб ва оила” (2020), “Корҳои тарбиявӣ бо хонандагони синфҳои 1-и шашсола” (1986), “Асосҳои педагогии ташаккули ҷуръатнокии ахлоқӣ дар мактаббачагони хурдсол” (2016) ва зиёда аз 60 мақолаи илмӣ, ки дар бонуфузтарин маҷаллаҳои илмии кишвар ва берун аз он дар Федератсияи Россия, Қазоқистон, Америка, Нидерландия ва ғайра чоп шудаанд, далели онанд, ки ӯ тавонистааст, бо дониши қавӣ ва муносибату муоширати некаш дар дили аҳли илму маорифи кишвар ва ҳамкасбонаш макони меҳру садоқат бунёд намояд.
Ҷашни зебову фархунда, пайроҳаи ҳафтодсолаи файзбори умрро бо ҳама шебу фарозҳояш ба ҳамкасби азиз, олиму мактабшиноси пухтакор, шахсияти варзидаи илму маориф Файзимад Гулмадов муборакбод гуфта, таманнои саломатии ӯву хонадони гиромӣ, фарзандону пайвандони меҳрубонашонро намуда, сарбаландию сарфарозӣ, комёбиҳои тозаеро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт барояш орзу менамоем.
Муҳаммаддовуд САЛОМИЁН,
доктори илми филология,
профессор, президенти
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон