Мо – зану шӯ азм кардем, ки барои фарзандон либосу асбоби хониш бихарем. Чанд дукону кӯчабозори маркази ноҳияро дидему давр задем то ки пӯшоку ашёи хониши хубу арзонтареро дарёфт кунем. Либосу палоси гуногунранг бисёр буд. Ба қавле, бозору дукон аз бисёрии молу амвол лаб мезад. Савдо дар ҷӯш. Нархи як либосро пурсам-напурсам, фурӯшанда чун ширешҳои навбаромад мечаспиду бо даҳу сад қасам колои худро таърифкунон ба осмони ҳафтум мебарорад.
— Аз ин арзону бадошташро намеёбед, беҳтарин мол аст. Ба Худо, ба болояш танҳо як сомонӣ мондам, то ки хароҷоти оварданашро барорад…
Базӯр аз яке халос шуда, ба чанголи дукондори дигаре меафтем. Мо ҳам суст намеоем, «Ҳозир як давр занем, баъд боз ба ин ҷо меоем» — гӯён хешро чун моҳии лағжонак патаросзанон аз дасти дукондори бозор халос карда, пеш меравем. Қарор додем, ки «сайр ҳам сайру саргардонӣ ҳам сайр» гӯён коху иморатҳои бошукӯҳи пурдабдабаро, ки дар пештоқашон «Маркази савдо», «Супермаркет» ва ғайра навишта шудаанд, тамошо кунем. Охир, аз ташвиши зиндагӣ халос шуда, боз кай бори дигар ба ин ҷойҳо меоем?
Мағозаи бошукуҳе дар ошёнаи дуюм назаррабоӣ мекард, дар остонаи дари калони он манекен-ҳайкали пластмассии зане бо либоси хеле муносибу зебо рост гузошта шуда буд ва мардум аз ду канори он гузашта, даробаро мекарданд. Эҳтимол онро барои тарғибу талқини либос дар назди дари калон рост кардаанд. Вақте ки барои ба мағоза баромадан панҷ поғунда монда буд, банохост манекен дастонашро ба ҳаракат дароварда, ба гап даромад:
— Мебахшед ин дукон ба шумо мувофиқ нест. Саргардон нашавед!
Дар ҷоямон шах шудему ба гӯяндаи остонаи дар нигаристем. Он манекен набуд, одами зинда буд. Мижаҳояш бо ҳам мерасанд, ба рӯйи харидороне, ки чизе гирифтаанд, табассуми ширин мекунад, вале ба ҷонибамон нигоҳи сард дошту кафи дастонашро кушода, чун девор аз гузоштани қадами навбатӣ моро боздошт. Мо — омӯзгорон дар ҳайрат мондем, ки чаро чанд нафари аз паҳлуи мо гузаштаро нигоҳ надошту маҳз садди роҳи мо шуд: Чанд лаҳза абри тааҷҷуб пеши чашмонамонро хира кард. На садоеро мешунидем ва на чизеро медидем. Гӯшҳоямонро кашидем, чашмонамонро молиш додему ба он зани болобаланди олуфта озмоишкорона нигаристем, ки вай ҷиддӣ мегӯяд ё шӯхӣ мекунад. Он санам нигоҳи шигифтомези моро зуд пай бурду бори дигар таъкид намуд:
— Ин мағоза барои шумоён нест! Зӯратон ба харидани колои он намерасад.
Тааҷҷубамон бештар гардид. Охир, чаро ин мағоза барои мо набудааст? Аз куҷо медонад, ки мо тавони харидорӣ дорем ё надорем? Либоси танамон ҳам аз пӯшоки дигарон фарқи зиёд надорад-ку?.. Бале, одамони мо то ба ҳамин дараҷа пеш рафтаанд, ки ҳатто қудрату тавони харидорро пешакӣ пай бурда метавонанд. Инро кашфиёт ва ихтирои бузурги хориқулода мегӯянд! Офарин! Аз ин аҷоибот, гуфтан мумкин аст, муъҷиза, каме ба худ омада, навад дараҷа тоб хӯрдему поин фуромадем ва бори дигар ба ин бинои қашангу зебо ва муҳташаму воҳиманок нигаристем. Аз берун тамошо кардани ин иморат худ кайфияте дорад беқиёс, хайрият, аз берун диданаш мумкину ройгон будааст! «Ин хона қашанг аст, вале хонаи мо нест!» Ҳеҷ ҷойи афсӯсу ранҷишу надомат набувад, ки дидани дохили ин бинои қашанг моро насиб нагашт, чӣ илоҷ, он аз они мо набудааст, ҳар кас бояд мувофиқи гилемаш пой гузорад ва дар ҷамъият мавқеашро донад. Моро кӯчабозорҳо ҳам бас аст. Ба ҷойи озурда шудан шод гаштем. Барои он худро таҳқиршуда нашумурдем, ки мо, дар ҳақиқат, пешрафтаем, ҳатто аз давлатҳои мутараққии олам ҳам чанд гом пеш гузоштаем. Бинед, соҳибдуконҳо пешакӣ медонанд, ки кисаҳо, ҳамёнҳо ва ҷузвдонҳоямон чӣ қадар вазн дорад, яъне пуламон ба кадом коло мерасаду ба кадомаш не. Кормандони маркетингҳо ғами моро мехӯранд, ки беҳуда саргардон нашавем. Мегӯянд-ку: «Вақт рафт — нақд рафт». Ба даст овардани нақд вақти бисёр мехоҳад. Ба харе, ки бор надорӣ, чӣ кор дорӣ? Пулат ба коло нарасад, ба дукон надаро ва ҷойи дигаронро танг накуну вақтатро беҳуда зоеъ нагардон! Модом ки ғами моро мехӯранд, бояд бо шукргузорӣ сар ба афлок бардошт ва аз ин зиндагӣ сад дар сад розӣ шуд.
Ҳаким Замир,
шаҳри Ҳисор