ҲИФЗИ ВАТАН — ҚАРЗИ МУҚАДДАС

23-юми феврали соли равон дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҳамоиши илмӣ-назариявӣ ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ таҳти унвони “Ҳифзи Ватан қарзи муқаддас ва оине аз ватандорист” баргузор гардид.
Дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовинони вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода ва Шукрулло Хайрзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва устодони кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш нахуст вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, қайд кард, ки Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлату миллат ба шумор рафта, дар таъсис ва ташаккули он нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Дар идома Раҳим Саидзода афзуд, ки имрӯзҳо дар 8 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ кафедраҳои ҳарбӣ амал мекунанд, ки дар онҳо мутахассисони соҳаи ҳарбӣ омода карда мешаванд.
Сипас, маърузаи муовини сардори кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳасан Қосимов дар мавзуи “Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар таъмини сулҳу субот дар кишвар” ва мудири кафедраи таҳсилоти касбии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Абдусаттор Одинаев дар мавзуи “Тақвияти тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстии насли наврас — талаботи замон” шунида шуд.