Ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ноҳияи Шуғнон ба номи Мастибек Тошмуҳаммадов бо ибтикори Бошгоҳи техникӣ — варзишии ВМКБ чорабинии идона таҳти унвони «Ватанпарвар» доир шуд.
Бошгоҳи техникӣ — варзишии ВМКБ ҳамасола дар масъалаи дар қалби толибилмон ва бахусус, ҷавонон парвариш намудани ҳисси баланди ватандорӣ, зиракии ҳамешагӣ ва нангу номуси хештаншиносӣ дар ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои волои миллӣ чун ҳифзи марзу буми ватани аҷдодӣ корҳои шоёнеро анҷом медиҳад.
Дар ин чорабинӣ тибқи нақшаи барнома сафороии ҳарбӣ, чусту чолокӣ дар муҳорибаҳои ҳарбӣ, ба рӯ кашидани ниқоби зидди газ, аз ҳам ҷудо кардан ва васл намудани қисмҳои автомати Калашников дар фурсати кӯтоҳ, тирандозӣ ва дигар шартҳои барнома буд, ки хонандагон аз уҳдаи иҷрои онҳо ба хубӣ баромаданд.
Чунин чорабиниҳо дар дигар ноҳияҳои вилоят роҳандозӣ мешаванд.
Бошгоҳи техникӣ-варзишии ВМКБ тӯли фаъолияти худ садҳо мутахассис барои хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоҷагии халқ омода намудааст.
